Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин таҳримҳоро "фалокатбор" номид


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, таҳримҳо алайҳи Маскав метавонад қиммати маводи сухт дар кишварҳои аврупоиро ба таври фалокатовар барои истеъмолгарон боло барад.

Ӯ дар як суҳбаташ бо мақомоти баландпояи кишвараш рӯзи 8-уми июл гуфт, “мо медонем, ки аврупоиҳо талош доранд, манобеи газу барқи Русияро иваз кунанд.”

Аммо ба гуфтаи ӯ, ин иқдом нархи газу барқро дар кишварҳои аврупоӣ хеле баланд хоҳад бурд.

Путин ҳамчунин таъкид кард, ки таҳримҳо бештар ба кишварҳое зарар мерасонад, ки онро ҷорӣ кардаанд.

Идомаи таҳримҳо, ба гуфтаи ӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ "фалокатбор" мешавад.

Кишварҳои ғарбӣ барои ҳамлаи беасоси Русия ба Украина нисбат ба ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо аз охири сол дигар аз Русия нефт намехарад ва аз моҳи август воридоти ангиштро низ аз ин кишвар манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG