Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 6-уми июл гуфт, ба таҳқиқи ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Мирзиёев, тафтишот ҳамчунин ба истифодаи нерӯ зидди эътирозгарон баҳо хоҳад дод.
"Бо мақсади ҳамаҷониба ва холисона тафтиш кардани ҳодисаҳои рухдода таҳти роҳбарии муовини якуми Додситони кулли кишвар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ фаъолият дорад. Ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилон ва фаъолон ба ин раванд зарур аст. Аз ин рӯ, додситони кул вазифадор карда шудааст, ки ҳар як парвандаро бодиққат ва холисона тафтиш намуда, ба амали иштирокчиёни ҳодиса баҳои одилонаи ҳуқуқӣ диҳад," -- изҳор доштааст президенти Узбекистон.
Пештар Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милал аз мақомоти Узбекистон расман даъват карданд, ки ҳодисаҳои хунини Нуқус воқеъбинона, беғараз ва шаффоф таҳқиқ шавад.
Бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни бетартибиҳо 18 нафар кушта ва 246 кас захмӣ шудааст.