Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди дархости рӯзноманигор барои ҷазо додани маъмурони пулис


Болот Темиров
Болот Темиров

Додгоҳи Бишкек дархости Болот Темиров, рӯзноманигори таҳқиқотгар ва бунёдгузори саҳифаи Temirov LIVE-ро дар YouTube, барои кушодани парвандаи ҷиноӣ ба зидди кормандони пулис рад кард.

Болот Темиров гуфт, баъди бозҷӯӣ шудани коргоҳаш дар моҳи январи имсол ба додситонӣ шикоят бурда, хост, маъмурони пулис барои нашри видеои лаҳзаи боздошт ва бозпурсияш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

"Мо медонем, ки дар ҷараёни корҳои тафтишотӣ видеоро, ки тавассути саҳифаҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, кӣ сабт кардааст. Мо ба додситонӣ муроҷиат кардем. Додситонии Бишкек аз боз кардани парвандаи ҷиноӣ худдорӣ кард. Мо зидди қарор ба додгоҳ муроҷиат кардем, аммо додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек қарори додситониро қонунӣ донист. Ҳоло додгоҳи шаҳрӣ қарори марҳилаи аввалро бетағйир гузошт”, - гуфт Темиров.

Шабакаи "Темиров Live" дар Ютюб чанде пеш силсилаи гузоришҳоро бо номи "37 миллион сом дар ду рӯз? Схемаи Содир Жапаров ва Тошиев" оғоз кард. Таҳқиқот гуё даст доштани наздикони Қамчибек Тошиевро дар фаъолияти ширкати давлатии нафти Қирғизистон баррасӣ кардааст. Тошиев дар "Фейсбук" навишт, маълумоте, ки "Темиров Live" дар бораи ӯ нашр кард, "дурӯғи маҳз аст".

Хабарнигор шаби 22-юми январ дар ҷои кор боздошт шуда, тамоми компютерҳои коргоҳ мусодира карда шуданд. Дертар Болот Темировро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд.

Чанд рӯз баъд дар интернет сабтҳои пинҳонии навор ва садои зиндагии шахсии рӯзноманигор Болот Темиров ва ҳамкорони ӯ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG