Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон онҳоеро мекобанд, ки ба Узбекистон мушак андохтаанд


Марзи Узбекистону Афғонистон
Марзи Узбекистону Афғонистон

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон, гуфтааст, онҳо талош хоҳанд кард, то дастандаркорони партоби мушакҳо аз хоки Афғонистон ба Узбекистон дастгир ва муҷозот шаванд.

Муҷоҳид дар Твиттер навиштааст, "ҳамлаҳои мушакӣ аз Афғонистон ба Узбекистон кори доираҳои бадхоҳе аст, ки мехоҳанд миёни ду кишвари дӯст фазои нобоварӣ эҷод кунанд."

Расонаҳо пештар хабар доданд, ки нимаи дувуми рӯзи 5-уми июли имсол аз қаламрави Афғонистон ба шаҳри Тирмизи вилояти Сурхандарёи Узбекистон 5 мушак партоб шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, дар натиҷаи партоби мушакҳо "талафот ва захмӣ сабт нашудааст".

XS
SM
MD
LG