Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский тӯпхонаҳои кишварҳои ғарбиро ситоиш кард


Владимир Зеленский, Киев, 6-уми июли 2022
Владимир Зеленский, Киев, 6-уми июли 2022

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар муроҷиати видеоӣ шоми 6-уми июл гуфт, тӯпхонаҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба нерӯҳои украинӣ доданд, дар ҷанг ба онҳо мадад кардааст.

Ӯ дар ин баёния гуфт: “Билохира, таъсири тӯпхонаҳое, ки аз шариконамон гирифтем, эҳсос мешавад, онҳо бисёр қавӣ ҳастанд.”

Ба қавли Зеленский, артиши Украина ба “анборҳову дигар иншооти кумакрасони ишғолгарон зарбаҳои чашмгире задаанд ва ин қудрати таҳоҷумии артиши Русияро бисёр суст мекунад.”

Ба қавли раиси ҷумҳури Украина, нерӯҳои кишвараш дар вилоятҳои Херсон ва Запорожйе пешравӣ мекунанд.

Баъди ишғоли комили вилояти Луганск аз тарафи нерӯҳои Русия, мақомоти Украина аз сокинони шаҳри Словянск ва шаҳракҳои дигари вилояти Донетск хостаанд, ин ҷойҳоро тарк кунанд, зеро нерӯҳои Русия ҳамлаҳоро дар ин самт шиддат мебахшанд.

XS
SM
MD
LG