Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати рӯҳониёни тарафдори Толибон аз ҷаҳон


Нишасти улаои дин дар Кобул
Нишасти улаои дин дар Кобул

Нишасти садҳо рӯҳонӣ ва раҳбарони қабилаҳо дар Кобул рӯзи 2-юми июл бо изҳори пуштибонӣ аз ҳукумати Толибон ба поён расид. Онҳо ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, "имороти исломӣ"-ро дар Афғонистон бипазиранд.

Гуруҳи тундрави "Толибон", ки фаъолияташ ҳанӯз дар аксар кишварҳо мамнуъст, моҳи августи соли 2021 дигарбора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Нишасти уламои дин дар Кобул аз 30-юми июн то 2-юми июл идома кард. Ин чорабинӣ таҳти назорати шадид гузашт ва дар он занон иштирок надоштанд.

Рӯҳониён нишастро бо байъат ба раҳбари ин гурӯҳи тундгаро, Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода, ба поён расонданд.

Охундзода рӯзи 1-уми июл ба таври ногаҳонӣ дар нишаст суханронӣ кард. Вай баъди берун рафтани нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 раҳбарии ҳукумати Толибонро ба дӯш гирифт.

Рӯҳонӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ гуфт, эъломияи иборат аз 11 банд, ки дар поёни нишаст қабул шуд, аз кишварҳои ҷаҳон, Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои исломӣ даъват мекунад, Афғонистони зери раҳбарии Толибонро ба расмият шиносанд.

Дар эъломия хоста шудааст, таҳримҳоро бекор ва дороиҳои бандмондаи Афғонистонро дар хориҷа озод намоянд.

Аксар кишварҳои ҷаҳон риояи ҳуқуқи одамон, бахусус занону духтарон, таъмини озодии баёну эътиқод ва ташкили ҳукумати фарогирро аз шартҳои асосии пазируфтани ҳукумати Толибон медонанд. Чизе, ки ба гуфтаи онҳо дар ёздаҳ моҳи ҳукумати Толибон дида нашудааст.

XS
SM
MD
LG