Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Русия ба як фурӯшгоҳи Украина 18 кас кушта шудаанд


Кременчук
Кременчук

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Русия ба як фурӯшгоҳи пуродам дар шаҳри Кременчуки Украина 18 нафар кушта ва бештар аз 50 каси дигар захмӣ шудаанд.

Дмитро Лунин, раиси вилояти Полтава, рӯзи 27-уми июн дар Телеграм навишт, мумкин аст, теъдоди қурбониёни ҳамла бештар шавад, чун ба қавли ӯ, “фурӯшгоҳ пурра нобуд шудааст.”

Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, ҳамлаи мушакиро маҳкум кард ва дар видеое дар Телеграм Русияро “бузургтарин созмони террористӣ дар ҷаҳон” номид.

Баъди бархӯрди мушак ба фурӯшгоҳ он ба тамом оташ гирифтааст ва дар видеое, ки Хадамоти оташнишонии Украина нашр кард, фақат вайронаҳое аз он дида мешаванд.

Рӯзи 27-уми июн раҳбарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон бо номи “Гуруҳи 7” ҳамлаи мушакӣ ба фурӯшгоҳи шаҳри Кременчукро ҷинояти ҷангӣ номида, гуфтанд, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бояд барои он ҷавоб гӯяд.

XS
SM
MD
LG