Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии 30 тонна шакар ба Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 25-уми июн дар гузаргоҳи "Чон-Капка"-и байни Қирғизистону Қазоқистон ронандаи мошини боркаше боздошт шуд, ки мехост, 30 тонна шакарро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон барад.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши Камази таҳти идораи ронанда А.К., соли таваллудаш 1984, шаҳрванди Қазоқистон, марзбонон дар халтаҳои нуриҳои минералӣ шакарро ошкор кардаанд. Ронанда ба марзбонон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кардааст, ки дар он интиқоли шакар нишон дода шудааст.

Ин ронанда ба ихтиёри мақомоти масъули Қирғизистон супорида шудааст.

Қирғизистон шуруъ аз 1-уми июн содироти шакарро муваққатан манъ кард. Девони вазирони Қирғизистон гуфт, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва нигаҳ доштани қимати шакар дар бозор гирифта шудааст.

Қазоқистон низ ба далели талаботи зиёд ва камчинии шакар содирони онро аз 23 май манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG