Мақомоти тандурустии Толибон рӯзи 26-уми июн гуфтанд, ҳазорон нафаре, ки бар асари заминларзаи маргбор дар Афғонистон осеб дидаанд, "ба хӯроку оби ошомиданӣ сахт эҳтиёҷ доранд".
Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, ба сокинони зарардида беморӣ таҳдид мекунад, "чун ҷойи муносибе барои зист надоранд."
Заминларзаи 6,1-дараҷаӣ рӯзи 22-юми июн вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистонро ларзонд. То кунун марги 1150 нафар тасдиқ шудааст.
Ин ҳодиса барои ҳукумати Толибон, ки дар натиҷаи сиёсати сахтгиронаи исломгароёнааш нисбат ба занон ва духтарон дар инзиво қарор гирифтааст, чолишбарангез шуд. Мардуми Афғонистон аз фақр ранҷ мекашанд ва мушкилоти иҷтимоӣ ҳам баъди ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи соли 2021 бештар шудааст.
Шарофат Замон, сухангӯйи Вазорати тандурустии Толибон, рӯзи 26-уми июн ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, "аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои имдодрасон мехоҳем, ба мо хӯроку дору диҳанд."
Як бахши Созмони Милали Муттаҳид, ки умури башардӯстонаро ҳамоҳанг мекунад, аллакай аз эҳтимоли сар задани вабо дар минтақаҳои офатзадаи Афғонистон ҳушдор додааст.