Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё ва муттаҳидонаш тиллои Русияро таҳрим мекунанд


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Чаҳор кишвари узви G7 ё ҳафт кишвари саноатии ҷаҳон – Бритониё, Амрико, Канада ва Ҷопон – гуфтаанд, ки ба зудӣ воридоти тиллои Русияро манъ мекунанд.

Ин бахше дигар аз таҳримҳо алайҳи Русия барои ҷанги бедалелаш дар Украина аст. Дар ин бора Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, 26-уми июн, дар рӯзи ифтитоҳи нишасти сарони G7 дар Олмон хабар дод.

Пештар Reuters бо такя ба манобеи худ иттилоъ дода буд, ки кишварҳои G7, ки ба он Фаронсаву Олмон ва Итолиё низ шомиланд, ба манъи воридоти тилло аз Русия розӣ шудаанд.

Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, Иттиҳоди Аврупо масъалаи манъи воридоти тиллоро аз Русия меомӯзад. Вай таъкид кардааст, ки бояд арзёбӣ шавад, ин тасмим ба иқтисоди Иттиҳоди Аврупо зиёне дорад ё на.

Дар ҳамин ҳол, як мансабдори баландпояи Амрико рӯзи якшанбе гуфт, дар пайи ин нишаст тасмими муштараки кишварҳои G7 дар бораи таҳрими тиллои Русия дар назар аст.

Ба гуфтаи Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, манъи харидории тиллои Русия ба сарватмандони ин кишвар, ки ахиран дороиҳои худро ба тилло табдил додаанд ва "мошини низомии Путин" зарба хоҳад зад.

Гуфта мешавад, содироти тилло дар соли 2021 ба иқтисоди Русия зиёда аз 15 миллиард доллар фоида овардааст.

XS
SM
MD
LG