Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари сарвазири собиқи Доғистон барои қатли як донишҷӯ 13 сол равонаи зиндон шуд


Томирис Бойсофӣ донишҷӯ буд.
Томирис Бойсофӣ донишҷӯ буд.

Як додгоҳ дар Маскав Муртузалӣ Маҷидов, писари сарвазири собиқи Доғистонро барои қатли Томирис Бойсофӣ, як донишҷӯи Донишгоҳи Маскав ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Ба навиштаи хабаргузории "Москва", Томирис Бойсофӣ моҳи апрели соли 2018 дар зери хобгоҳи донишҷӯён беҳуш пайдо шуд. Баъдан, аз зарбҳое, ки ба ӯ расида буд, дар беморхона ҷон дод. Тафтишот маълум кард, ки ӯро Маҷидов латтукӯб кардааст.

Дар оғоз нисбат ба Маҷидов барои "ба худкушӣ овардан" парванда боз карданд, вале баъдан ӯро бо ҷурми куштор ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Падари муттаҳам дар қатли донишҷӯ Мухтор Маҷидов моҳҳои январ-июли соли 2013 раҳбари ҳукумати Доғистон буд. То он замон ӯ дар вазифаҳои сарвазир ва вакили маҷлиси Доғистон кор мекард. Худи ӯро соли 2020 барои аз худ кардани моликияти Вазорати мудофиаи Русия боздошт карданд ва ҳоло нисбаташ тафтиш давом дорад.

XS
SM
MD
LG