Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Профессор Аҳмад Абдуллоев даргузашт


Аҳмад Абдуллоев дар овони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш дар Узбекистон кӯчид
Аҳмад Абдуллоев дар овони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба зодгоҳаш дар Узбекистон кӯчид

Профессор Аҳмад Абдуллоев, муҳаққиқи адабиёти форсу тоҷик, дар 86-солагӣ дар Узбекистон даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Мирасрори Фарғонӣ рӯзи 24-уми июн дар саҳифааш дар "Фейсбук" хабар дод.

Абдуллоев солҳои 1980 бо мақолаҳои ҷасуронааш дар нашрияи "Маориф ва маданият"-и зери раҳбарии Бӯринисо Бердиева дар Тоҷикистон шуҳрат дошт. Ҳадаф аз онҳо бедории миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллии тоҷикон буд.

Ӯ бо сар задани ҷанги шаҳрвандии 1992-97 аз Тоҷикистон ба зодгоҳаш дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон рафт ва солҳои охири умрашро дар онҷо гузаронд.

Бахши суханшиносӣ ё филологияи тоҷикро дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз асос гузоштааст. Асари "Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ"-ро соли 2013, дар авҷи сардии равобити Тоҷикистону Узбекистон, бо забони тоҷикӣ дар Тошканд нашр кард.

Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм карда, дар Академияи илмҳо ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ кор кардааст.

Бино ба маълумоти "Википедияи тоҷикӣ", асосан ба адабиёти қарнҳои 11-12 ва намояндагони он – Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон – таваҷҷуҳ дошт. "Девони Адиб Собири Тирмизиро соли 2001 омода ва нашр кард," – омадааст дар "Википедия".

Фарзанди ӯ, доктори илм Масрури Абдуллоҳ, солҳои охир дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа мекунад. Пештар дар созмони "Интернюс" ва Донишгоҳи славянии Тоҷикстону Русия фаъолият дошт.

XS
SM
MD
LG