Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Озарбойҷон ба Узбекистон рафт


Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев
Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари расмӣ рӯзи 21-уми июн ба шаҳри Тошканд рафт.

Алиевро дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва шахсони дигари расмӣ пешвоз гирифтаанд.

Чорабиниҳои асосии сафар рӯзи сешанбе баргузор мешаванд. Қарор аст, раҳбарони Узбекистону Озарбойҷон дар мулоқоти худ масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар ва тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин имзои санадҳои дуҷониба дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, энергетика, илму навоварӣ ва сайёҳӣ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG