Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муратов барои ёрӣ ба украиниҳо ҷоизаашро фурӯхт


Дмитрий Муратов бо ҷоизаи сулҳи Нобел, 20-уми июни 2022 дар Ню-Йорк
Дмитрий Муратов бо ҷоизаи сулҳи Нобел, 20-уми июни 2022 дар Ню-Йорк

Дмитрий Муратов, сардабири нашрияи "Новая газета" дар Русия, медали ҷоизаи сулҳи Нобелро ба 103,5 миллион доллар фурӯхтааст.

Музояда 20-уми июн дар Амрико баргузор шуд. Муратов ҷоизаро соли гузашта гирифт.

Тибқи иттилои Heritage Auctions, тамоми ин маблағ барои мадад ба кӯдакони украинӣ, ки бар асари ҷанги Русия овора шудаанд, ба UNICEF ё Бунёди атфоли Созмони Милал дода мешавад.

Харидор як довталаби ношинос будааст.

Соли 2014 ҷоизаи Нобелро ба 4,76 миллион доллар фурӯхта буданд. Он ҷоизаро соли 1962 Ҷеймс Уотсон барои кашфи сохтори ДНК (DNA) соҳиб шуда буд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол бебаҳона ба Украина ҳамла кард. Ҳазорҳо нафар кушта ва миллионҳо кас беҷову овора шуданд.

Дмитрий Муратов дар мусоҳиба бо “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, аз сарнавишти кӯдаконе, ки бар асари низоъ дар Украина ятим мондаанд, нигарон аст.

XS
SM
MD
LG