Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия як шаҳрванди Амрикоро зиндонӣ карданд


Марк Фогел дар фурудгоҳ
Марк Фогел дар фурудгоҳ

Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди Амрико ва корманди собиқи сафорати ин кишварро дар Маскав ба 14 сол зиндон маҳкум кардааст.

Марк Фогел ба қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор шудааст. Худаш гуфтааст, табибон пас аз ҷарроҳии пушт истифодаи марихуанаи тиббиро таъин карда буданд.

Додгоҳи Химкии Маскав рӯзи 17-уми июн гуфт, Марк Фогел, ки ба ҳайси омӯзгор дар як мактаби англисиву амрикоӣ дар пойтахти Русия кор мекард, як рӯз пеш маҳкум шуд.

Тибқи баёнияи додгоҳ, Фогел моҳи августи соли гузашта ҳангоми аз сафараш аз Ню-Йорк ба Маскав дастгир шудаст.

Фогел гуфтааст, пизишкон барои муолиҷааш истифодаи марихуанаи тиббиро иҷозат дода буданд. Ӯ гуфтааст, намедонист, ки марихуанаи тиббӣ дар Русия ғайриқонунист.

Вакилони мудофеаш он замон гуфтанд, мақомоти Русия аз ӯ 17 грамм марихуана ёфтанд.

Мақомоти амрикоӣ то ҳол дар бораи ҳукми Марк Фогел изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG