Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Адолати булдозерӣ". Чаро мусулмононро дар Ҳиндустон "чап" гирифтанд? ВИДЕО


Марди мусулмон ҳангоми Иди Қурбон дар Ҳиндустон. Акс аз соли 2013
Марди мусулмон ҳангоми Иди Қурбон дар Ҳиндустон. Акс аз соли 2013

Дар чанд рӯзи охир шаҳрҳои гуногуни Ҳиндустон шоҳиди эътирозҳои густурда ва тахриби хонаву мағозаҳои мусулмонон будааст. Намояндагони ҳукумати Уттар Прадеш дар шимоли Ҳиндустон шахсан савори булдозер шуда, хонаи як марди мусулмонро бо номи Ҷовид Аҳмад вайрон карданд. Ба иддаои мақомот, ин шахс бо созмондиҳандагони тазоҳуроти мазҳабӣ дар рӯзи ҷумъаи гузашта, ки ба хушунат кашида шуд, иртибот доштааст.

Бино ба гузоришҳо, сабаби асосии эътирозҳои ахири баъзе аз мусулмонон дар Ҳиндустон, изҳороти ду сухангӯйи баландпояи ҳизби ҳоким дар мавриди паёмбари ислом ва ҳамсари ӯ будааст, ки аз диди мусалмонон "тавҳиномез" дониста мешавад.

Дувоздаҳ шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла аъзои пешини Додгоҳи олӣ ва шуморе аз вакилони дифои шинохта, 15-уми июн дар номаи саркушода ба Додситони кулли Ҳиндустон ин иқдомотро "танбеҳи дастҷамъӣ ва ғайриқонунӣ" хонданд. Онҳо хоҳони расидагии қонунӣ дар мавриди ҳодисаҳои ахир шуданд.

Дар бахши дигаре аз нома ба таври мушаххас аз мақомоти иёлати Уттар Прадеш ба саркӯби "хушунатомез"-и мунтақидон ишора шудааст.

Ҳизби Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон, пас аз чанд рӯзи сукут ва дар пайи эътирози расмии кишварҳои исломӣ, яке аз ин афродро ихроҷ ва дигариро аз мақомаш барканор кард ва дар баёнияи камсобиқа эълон намуд, ки "тавҳин ба шахсиятҳои ҳамаи мазҳабҳоро ба шиддат маҳкум мекунад”.

Ҳафтаи гузашта ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ду шаҳри дигари иёлати Уттар Прадеш хонаҳои мусулмононро бо булдозер вайрон карданд. Дар моҳи апрел низ дар пайи даргириҳои хушунатомез байни мусулмонон ва ҳиндуҳо дар шаҳри Деҳлӣ, теъдоде аз дӯконҳои мусулмонон ба дастури ҳукумати маҳаллӣ тахриб шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ ва иёлатӣ иддао мекунанд, ки ин хонаҳо ва мағозаҳо бидуни иҷозатнома фаъолият доштанд ва бинобар ҳамин, моликияташон ғайриқонунӣ аст.

Бо вуҷуди ин, мунтақидон мегӯянд, ҳадаф аз тахриби дороиҳои мусулмонон, ки ба "адолати булдозерӣ" маъруф шудааст, саркӯб ва тарсондани эътирозгарони мусулмонон аст ва дар моҳҳои ахир рӯ ба афзоиш ниҳодаааст.

Ба гуфтаи мунтақидони ҳизби ҳокими Ҳинд, равиши "адолати булдозерӣ" нақзи ошкори Қонуни асосӣ ва ҳуқуқи ақаллиятҳост.

Аз замони ба қудрат расидани ҳизби миллигаро дар соли 2014, хушунатҳо алайҳи мусулмонони Ҳинд бештар шудааст. Мунтақидон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд ва ҳукумати ӯро ба сукут ва бетаваҷҷуҳӣ дар баробари ин ҳодиса ва ҳатто барангехтани эҳсосоти миллигароёнаи ҳиндуҳо ва исломситезӣ муттаҳам кардаанд.

Мусулмонон тақрибан 15 дарсад аз аҳолии 1,4-миллиарднафарии Ҳиндустонро ташкил медиҳанд ва сершумортарин ақаллияти мазҳабӣ дар ин кишвар ҳастанд. Ҳукумати Нарендра Моди танқидҳои мухолифин ва иттиҳомҳои матраҳшуда аз тарафи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башарро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG