Раиси пешини зиндонии Бонки "Bank RBK" (RBK)-и Қазоқистон Ҷомарт Ертаев дар доираи парвандаи нави ҷиноӣ ҳамчун шоҳид иштирок дорад.
Дар Додситонии шаҳри Алматои Қазоқистон ба хабаргузории "КазТАГ" гуфтаанд, "муфаттишон дар доираи як парвандаи нав бо иштироки Ертаев тафтишотро оғоз кардаанд". Ертаев феълан ба чизе гумонбар нашудааст.
Ба огаҳии додситонӣ, парванда бар асоси шикояти намояндагони RBK боз шуда, бо банди "Азхудкунӣ ё тасарруфи молу мулки боваркарда" таҳқиқ мешавад.
Додгоҳи Алмато моҳи ноябри соли 2020 Жомарт Ертаевро дар ғорати 329,5 ҳазор доллар аз бонки RBK айбдор ва 11 сол зиндонӣ карда буд.