Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин истеъмолкунандаи гандум дар Осиёи Марказӣ Узбекистон будааст


Бино ба арзёбиҳои таҳлилгарони Департаменти кишоварзии ИМА, ҳаҷми истеъмоли гандум дар Узбекистон дар солҳои 2022-2023 ба 8,5 миллион тонна хоҳад расид. Дар ин бора хабаргузории "АПК Информ" иттилоъ додааст.

Ин нишондод назар ба мавсими соли гузашта 1 дарсад бештар ва дар миёни истеъмолгарони асосии гандум дар Осиёи Марказӣ баландтарин мебошанд.

Аз ҷумла, ҳаҷми пешбинишудаи истеъмоли гандум дар Узбекистон дар солҳои 2022-2023 нисбат ба ҳамин давраи Афғонистон тақрибан 8% зиёдтар аст. Дар Афғонистон ҳаҷми истеъмоли гандум 7,9 миллион тонна пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин нишондодҳо барои Узбекистон дар мавсими нав назар ба ҳаҷми истеъмоли дохилии Қазоқистон (6,2 млн тонна) тақрибан 37 дарсад бештар аст. Бояд гуфт, Қазоқистон содиркунандаи асосии ҳам орд ва ҳам гандум аст.

XS
SM
MD
LG