Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари сел дар Ашт 3 млн сомонӣ ҳисоб шуд. ВИДЕО


Мақомоти ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон  ҳаҷми хисороти аз сел ба вуҷуд омадаро тақрибан 3 миллион  сомонӣ ҳисоб кардаанд.  

Бар асари борону жола рӯзи 30-уми май ба ҷамоати Ашт ва Пунуки ин ноҳия сели калон омад ва чандин километр роҳро шусту пулҳоро тахриб кард. Ҳоло мардуми зарардида бо ҳашари умумӣ дар пайи бартараф кардани ин офати табиӣ ҳастанд.

Сели охири моҳи май тақрибан 10 километр роҳҳои мошингард, беш аз 20 пули хурду бузург ва қисман чанд хонаи истиқоматиро хароб кард.

Хонум Шарофат мегӯяд, аз он афсӯс мехӯрад, ки корҳои барқарорсозии ноҳия баъди сели ду сол пеш ва заҳмату пули сокинони маҳаллӣ барҳадар рафт. Ӯ мегӯяд: «Имсол ва соли гузашта оби калон наомада буд. Ду сол пеш дар муддати 40 рӯз ду бор оби калон омада ва ҳамаи асфалтамонро шуста рафт. Мо онро якҷоя пул ҷамъ карда бо роҳбарии раиси ҷамоат сохта будем. Боз мана сел омада ҳамаи онро гирифта рафт.

Ҳавлии Мансурҷон Ҳамралиев, сокини деҳаи Ашт аз сели имсола зарари ҷиддӣ дидааст ва ӯ ҳайрон аст, ки хонаву дарашро дубора чӣ гуна барқарор мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Сели имсола бисёр хавфи калон кард. Нисфи ҳавлиамонро гирифта рафт. Ин хонае, ки дида истодаед, дуюм маротиба сохта истодаем. Се сол пеш иморатҳои сохтаамонро гирифта рафта буд ва мо онро аз нав сохта будем. Ҳоло пурра буд нашуда боз ба чунин ҳолат омад”.

Дар Ашт паёмадҳои фалокатро бартараф мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Сел на танҳо ба хонаву манзили мардум, балки ба хоҷагиҳои деҳқонон ҳам осеби ҷиддӣ расонидааст. Муҳаммадҷон Ҳайитов, корманди идораи оби деҳаи Ашт аз зарари оби зиёд ба соҳаи картошкапарварӣ нигарон аст. Ӯ мегӯяд: “Зарари калоне, ки халқ дид, ин аст, ки аз чанд обёрӣ монд. Киштукори картошкаҳояшон монд. Вай имсол дигар ҳосил намедиҳад. Барои ҳамаи ин ҳолатро бартараф кардан боз даҳ рӯзи дигар лозим аст”.

Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ҳоло ҳудуди 15 нақлиёти бузургҳаҷм ва техникаи роҳтаъмиркуниро дар ин минтақа фаъол кардаанд. Вале сокинону фаъолони деҳ вобаста ба ҳаҷми хисорот ҳадс мезананд, ки бештар аз як моҳ бояд мардум ба ҳашари умумӣ бароянд. Зеро гармшавии рӯзҳои ахир онҳоро нигарон кардааст ва аз эҳтимоли боз омадани сел соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд.

Ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар 400-километрии пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шуда ва беш аз 150 ҳазор нафар ҷамъият дорад. Бинобар дар байни куҳҳо ҷойгир шудани ин ноҳия, яке аз минтақаҳои осебпазир дар баробари оби калону ярч ҳисобида мешавад.

XS
SM
MD
LG