Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯҳпора фаромадааст". Баъди муддате баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои сабукрав иҷоза шуд


Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, баъди субҳи 22-юми май як муддат баста шуданаш, ҳоло барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Далери Абдулло, сухангӯи Innovative Road Solutions – ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ мебошад, хабар дод.

Чанд соат пеш аз ин ширкат дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар дод, ки ҳаракат дар роҳ пурра баста шудааст. Ба иттилои Далери Абдулло, “бориши барф аз километри 69 то 175 шадиду муттасил, омадани сел дар тамоми минтақаҳо - Варзоб, Зарафшон ва Суғд идома дорад. Сангфароӣ бениҳоят зиёд аст. Хавфи лағжиши кӯҳпора дар минтақаи Зарафшон мавҷуд аст... Кормандон ва техникаҳо сафарбар шуда, бартарафсозии паёмади ҳаводиси зикршуда босуръат идома дорад».

Ширкат аз ронандагону мусофирон даъват кардааст, ки вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, ба хотири амнияти ҷони худу мусофирон ва нақлиёташон ҳаракат аз ин роҳро боздоранд.

Дар шӯъбаи навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳам ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи навбатдор, "бале, роҳ муваққатан маҳкам шудааст. Он ҷо як кӯҳпора фаромадааст, дар баъзе ҷойҳо селоба фаромадааст". Намояндаи КҲФ гуфт, ҳеҷ иттилое дар бораи эҳтимоли осеб дидани нафаре дар ин ҳодисаҳо дар даст надоранд ва корҳои поккории роҳ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми май масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳам бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар огоҳ карда буд, ки рӯзҳои 22 то 23-уми май дар қаламрави кишвар "ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст". Аз ҷумла, ба навиштаи ин ниҳод, рӯзҳои 21-23 май ҳавошиносон дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳоро пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои 22-23 майи соли 2022 сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз тариқи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Ёзхсӯ, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло меравад ва хатари зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии роҳҳо вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG