Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА маълумоти иктишофии худро дар ихтиёри Украина мегузорад


Марокаш, соли 2021. Пойгоҳи мушакии HIMARS (M142 High Mobility Artillery Rocket System) ҳангоми истифода дар машқҳои низоми "Шери Ариқо"
Марокаш, соли 2021. Пойгоҳи мушакии HIMARS (M142 High Mobility Artillery Rocket System) ҳангоми истифода дар машқҳои низоми "Шери Ариқо"

Вазорати дифои ИМА гуфт, Вашингтон мехоҳад, маълумоти иктишофиро барои зарба задан бо истифода аз низомҳои мушакӣ дар ихтиёри Украина гузорад.

Ба иттилои Пентагон, низомиёни Украина дар ҳоли ҳозир омӯзиши истифодаи низомҳои мушакии HIMARS ва MLRS-ро ба поён мерасонанд.

Вашингтон эътироф кардааст, ки Маскав ҳанӯз ҳам назар ба Киев тӯпхонаи бештар дорад. Мақомоти амрикоӣ бори дигар гуфтанд, артиши Украинаро бо ҳама лавозимоти зарурӣ барои зарба задан ба ҳадафҳо дар дохили кишвар муҷаҳҳаз карданӣ ҳастанд.

Иёлоти Муттаҳида аввали моҳи равон тасмим гирифт, ки ба Украина низоми мушакии навъи HIMARS фиристад. Дар Амрико шарт гузоштанд, ки низоми мушакии мазкур барои ҳамла ба ҳудуди Русия истифода нашавад.

Фосилаи партоби низоми мушакии HIMARS 80 километрро ташкил медиҳад, аммо дар сурати насби мушакҳои дурпарвоз ин низом метавонад, мушакҳоро ба фосилаи 300-500 километр партоб кунад.

XS
SM
MD
LG