Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки ду шиновари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ


Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan representative in world swimming championship in Budapest.
Tajikistan,Dushanbe city, Tajikistan representative in world swimming championship in Budapest.

Ду варзишгари тоҷик – Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов – бо роҳбарии сармураббӣ Катерина Измайлова дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки аз 18-уми июн то 3-юми июл дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2021 дар шаҳри Фукуокаи Ҷопон ба нақша гирифта шуда буд, вале пас аз мавқуф гузоштани Бозиҳои олимпии Токио-2020 ба соли 2022 интиқол ёфт.

Бо вуҷуди ин, моҳи январи соли 2022 эълон гардид, ки чорабинӣ дар Фукуока бо сабаби таъсири варианти “Omicron” ва чораҳои пандемия дар Ҷопон бори дувум ба соли 2023 мавқуф гузошта мешавад.

Аммо 7-уми феврали соли 2022 Федератсияи байналмилалии шиноварӣ эълон кард, ки Будапешт мизбони мусобиқаи ғайринавбатӣ шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар пойтахти Маҷористон аз 18-уми июн то 3-юми июли соли равон барпо мегардад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон варзишгарон барои 74 маҷмӯи медалҳо дар панҷ равия – шиноварӣ, шиноварӣ дар оби кушод, ҷаҳиш ба об, шиноварии синхронӣ ва тӯббозӣ дар об – рақобат хоҳанд кард.

Зимнан, Будапешт бори дувум аст, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обиро мизбонӣ мекунад. Чорабинии бузурги варзишҳои обӣ панҷ сол муқаддам, соли 2017, дар пойтахти Маҷористон доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG