Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пешво" дигар ҳаққи дахолат надорад, аммо ҷавобгар ҳам нест. ВИДЕО


Нурсултон Назарбоев дар канори донишомӯзон дар Остона (Нурсултони ҳозира), соли 2013
Президенти пешини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дигар ҳаққи дахолат ба корҳои сиёсии ин кишварро надорад, вале барои фаъолиятҳои гузаштааш ҷавобгар нахоҳад буд. Мавлон Ашимбоев, раиси Сенати Қазоқистон, охири ҳафтаи гузашта дар ин бора хабар дод. Вай гуфт, раисиҷумҳури ҳозираи Қазоқистон ҳангоми қабули қарору чораҳои зарурӣ маҷбур нест, бо Назарбоев маслиҳат кунад.

Назарбоев се сол пеш, баъди се даҳсолаи раёсаташ, аз раёсати ҷумҳурии Қазоқистон истеъфо дод, аммо дар мақоми раиси доимии Шӯрои амнияту раҳбари ҳизби ҳокими "Нур Отан" монд. Ҳама чиз пас аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи имсол тағйир ёфт. Ӯ натанҳо аз мансаби раиси доимии Шӯрои амният ронда шуд, балки як муддат сарнавишти минбаъдааш низ номаълум буд.

"Мо бо ин одам машварат намекунем"

То баргузории референдуми рӯзи 5-уми июн дар Қазоқистон мавзӯи асосии баҳс ҳам тақдири президенти собиқ буд. Назарбоев чанд бор эълон кард, ки дигар бознишаста аст ва ба сиёсат коре надорад, аммо аксарият бовар надоштанд, ки "Элбаси" ё "Пешвои миллат" мавқеи сиёсии худро аз даст додааст. Ба ин баҳсҳо раиси маҷлиси болоии Қазоқистон нуқта гузошт.

Мавлон Ашимбоев гуфт: "Президенти нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, дигар ба сиёсат дахолат намекунад. Шумо инро худатон мебинеду медонед. Албатта, ӯ чун шаҳрванд метавонад, дар маъракаҳои муҳиме мисли раъйдиҳӣ ширкат кунад, вале дар тасмимгириҳои сиёсӣ иштирок нахоҳад кард. Мо бо ин одам машварат намекунем."

Дасти "пешво"-ро дар тасмимгириҳо "кӯтоҳ" кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Мақомоти Қазоқистон таъкид мекунанд, ки пас аз раъйпурсӣ, қонун дар бораи "Элбасӣ" ё "Пешвои миллат" ҳам, ки дахлнопазирии Назарбоев ва хонаводаи ӯро замонат медиҳад, беэътибор дониста хоҳад шуд. Ба ҷуз ин санад як қонуни дигаре ҳаст, ки раҳбари пешини кишварро аз ҷавобгарӣ барои қарорҳои қабулкардааш озод мекунад. Ин қонунро касе бекор карданӣ нест.

"Моддаи 36 монд"

Олма Муканова, муовини вазири адлияи Қазоқистон мегӯяд, "моддаи 36-и Қонуни асосӣ дар бораи раисиҷумҳури аввал ҳифз мешавад. Дар он гуфта шудааст, ки президентҳои пешин барои тасмимҳое, ки дар давраи раҳбарӣ қабул кардаанд, ҷавобгар нестанд. Ин қоида дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маъмул аст."

Ба андешаи сиёсатшинос Димаш Алиҷонов ин далел, ки Нурсултон Назарбоев то ҳол як шахсияти дахлнопазир аст, сару садоҳоро дар бораи вуҷуди санад оид ба бехатарии президенти собиқ тасдиқ мекунад. Ба гуфтаи Алиҷонов, ин мероси раиси собиқи "Оқорда" ба раисҷумҳури феълӣ ҳам таъсир хоҳад кард.

"Ин нишонаи он аст, ки Тоқаев ҳанӯз тавони пурра берун кардани президенти собиқро надорад. Ӯ ба хотири ояндаи сиёсии худ бояд ба садои ҷомеа гӯш диҳад ва дар робита ба Назарбоев таҳқиқро шуруъ кунад, вале ин номумкин аст. Ӯ ворис аст ва масъулиятҳое дорад ва аз Назарбоев низ чун василае барои таҳкими сиёсати Тоқаев ва атрофиёнаш истифода мешавад," – шарҳ дод ӯ.

Худаш эмин аст, наздиконаш чӣ?

Ҳарчанд худи Назарбоев барои амалҳои кардааш ҷавобгар нахоҳад буд, бо бекор шудани қонун дар бораи дахлнопазирии президенти пешин наздикони ӯ аз ин масуният маҳрум мешаванд.

Президенти собиқи Қазоқистон дар мусоҳибаи охири худ бо сиёсатшинос Дониёр Ашимбаев гуфт, агар касе аз наздиконаш бо истифода аз номи вай ҷиноят содир кардааст, бояд ҷавоб бигӯяд.

Нурсултон Назарбоеви 81-сола моҳи марти соли 2019 аз раёсатҷумҳурии Қазоқистон канор рафта, муттафиқаш Қосимҷомарт Тоқаевро ба вазифаи президент пешбарӣ кард. Он замон худаш дар мақоми раиси якумрии Шӯрои амният ва хешу табораш дар вазифаҳои баланди давлатӣ, хадамоти амният ва гурӯҳҳои сердаромади энергетикӣ монданд.

Аммо пас аз «январи хунин» дар Қазоқистон Назарбоев ва наздиконаш ба таври қобили мулоҳиза заиф шуда, нуфузи Тоқаев афзоиш ёфт. Дар авҷи эътирозҳо, Назарбоев ба таври мармуз аз мақоми раиси Шӯрои амният маҳрум шуд ва Тоқаев онро бар уҳда гирифт. Бисёре аз наздикони президенти пешини Қазоқистон низ мақомҳои баландро аз даст доданд ва се узви хонаводаи бузург бо иттиҳоми тасарруфи молу мулк дар ҳабсанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG