Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оилаи президент. Дар бораи дороиҳои ҷонишини "пешво" чӣ медонем? ВИДЕО


Раиси пешини Сенати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки даҳсолаҳо дар мансабҳои баландпоя ифои вазифа мекард, тақрибан се сол пеш президент интихоб гашт. Вале то моҳи январи соли равон ӯ “нимапрезидент” шумурда мешуд, зеро аксар салоҳиятҳои раҳбари давлат дар ихтиёри Нурсултон Назарбоев буд, ки соли 2019 аз мақомаш истеъфо дод ва курсии раисҷумҳури Қазоқистонро ба Тоқаев супурд.
Дар ҳоли ҳозир Тоқаев “қудрати комил”-ро дар Қазоқистон дар даст дорад, аммо дар бораи хешу наздиконаш ба фарқ аз хешони Назарбоев маълумоти камтар дастрас аст. Радиои Озодӣ дар пайи як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ муайян кард, ки президенти дувуми Қазоқистон ва хонаводаи ӯ дар дохил ва хориҷ соҳиби чӣ ҳастанд ва писари Тоқаев бо бародари раиси дастгоҳи иҷроияи президенти он кишвар чӣ робита доранд.

VIP-ҳамсояҳо

Маҳаллаи маъруфи шаҳри Алмато, ки дар гузашта макони истироҳати ходимони ҳизбии Шӯравӣ буд, ҳоло ба маҳалли иқомати мансабдорони баландпоя ва олигархҳои Қазоқистон табдил ёфтааст. Дар ин минтақа қасри бошукӯҳе низ бо масоҳати 1,5 ҳазор метри мураббаъ дар 0,30 ҳектар замин қомат афрохтааст, ки ба Қосимҷомарт Тоқаев рабт медиҳанд.

Дар ин шаҳрак қароргоҳи ба эҳтимоли зиёд, ҳамакнун пешини Нурсултон Назарбоев низ ҷойгир аст. Он то моҳи феврали соли равон ба “Идораи амволи ғайриманқул”, як ширкати марбут ба “Бунёди элбасӣ” (Элбасӣ унвони Назарбоев аст) тааллуқ дошт. Ин бино ду моҳ пеш ҳамчун туҳфа ба ихтиёри Кумитаи амволи давлатӣ ва хусусигардонии Қазоқистон гузашт. Он, ки дорои ду майдон барои нишасти чархболҳо низ ҳаст, ҳамчун “қароргоҳи асосӣ барои меҳмонҳо” дарҷ шудааст.

Ширкатҳои марбут ба Назарбоев – “Наврӯз” ва “Олмалӣ” – дар ин шаҳрак ду қароргоҳ ва шаш ҳектар замини дигарро низ дар ихтиёр доранд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти ахири худ муайян карда буд, ки ширкати “Олмалӣ” тариқи хусусигардонии идораи хоҷагии ҳукумат таъсис дода шудааст.

Амволи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон ва наздиконаш низ дар шаҳраки “Олмалӣ” ҷойгиранд. Алмаато, 4-уми апрели соли 2022
Амволи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон ва наздиконаш низ дар шаҳраки “Олмалӣ” ҷойгиранд. Алмаато, 4-уми апрели соли 2022

Қасри Тоқаев

Тоқаев кай дар шаҳраки “Олмалӣ” соҳиби 0,30 ҳектар замин шудааст, маълум нест. Қитъаи замини мазкур соли 2008 аз сабтиноми давлатӣ гузашта, се сол баъд дар он пойдевори хонаи боҳашамате гузошта шудааст. Як бинои монанд ба ин хонаро ибтидои моҳи феврали имсол ба фурӯш гузоштанд. Дар эълони сомонаи Krisha.kz гуфта шудааст, ки корҳои сохтмонии берунии бино ба анҷом расида, таъмири дохил ҳанӯз комил нест. Арзиши бино як миллиарду 900 миллион танга (беш аз 4,2 миллион доллари амрикоӣ) муайян шудааст.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ бо рақаме, ки дар эълони фурӯш навишта шудааст, тамос гирифта, аз худи бино низ дидан намуд. Ба гуфтаи хабарнигор, хона хеле боҳашамат буда, дорои таҳхонаи бузург ва ҳуҷраҳои гуногун аст. Хабарнигор мегӯяд, ҳангоми дидани бино ба ӯ иҷозат надоданд, ки вориди ҳуҷрае дар ошёнаи якум шавад. Масъули фурӯши бино гуфтааст, дар ин ҳуҷра “дастгоҳҳои биткойинсозӣ” ҷойгир ҳастанд ва садои кори дастгоҳҳо низ шунида мешуд.

Яке аз манзилҳое, ки ба Назарбоев тааллуқ дошт, вале моҳи феврали имсол ба моликияти давлат табдил ёфт
Яке аз манзилҳое, ки ба Назарбоев тааллуқ дошт, вале моҳи феврали имсол ба моликияти давлат табдил ёфт

Биткойинсозии пинҳонӣ дар Қазоқистон мамнуъ аст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба Вазорати энергетикаи он кишвар нома навишта, дархост кард, ки қонунӣ будани биткойинсозӣ дар бинои мазкур санҷида ва аз натиҷаи он огаҳ карда шавад. Вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.

Масъули фурӯши бино дар суҳбати хусусӣ бо хабарнигор гуфт, хона ба Тоқаев рабт дошт, вале онро чанд сол пеш фурӯхтааст. Вале дар низоми бақайдгирии давлатӣ дар моҳи январи соли равон молики бино Қосимҷомарт Тоқаев нишон дода шудааст.

Аммо иттиҳодияи “Ҳукумат барои шаҳрвандон” дар посух ба дархости радио ҳамчун молики бино тамоман як шахси дигарро муаррифӣ кард.

Меҳмонсаройи дипломатҳо чӣ гуна хусусӣ шуд?

Ба хонаводаи Тоқаев дар шаҳри Алмато як иншооти дигар низ тааллуқ дорад. Ин бино дар чорроҳаи кӯчаҳои Абай ва Желтоксан ҷойгир буда, пештар онро Қабулгоҳи меҳмонони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон меномиданд. Ин ёдгории таърихӣ 115 сол пеш бунёд шуда, тарҳи онро меъмори маъруф Андрей Зенков кашидааст.

Баъд аз кӯчонидани Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар соли 2000 ба шаҳри Нурсултон бино ва замини он, ки тақрибан ҳафт ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад, ба ихтиёри шаҳрдории Алмато гузашт. Марҳум рӯзноманигор Геннадий Бендитский навишта буд, ки бинои мазкур дар давраи шаҳрдории Виктор Храпунов бо маблағи 350 миллион танга таъмир ва сипас хусусӣ гардонида шуд.

Ин хона ба Қосимҷомарт Тоқаев мутааллиқ аст
Ин хона ба Қосимҷомарт Тоқаев мутааллиқ аст

Биноро ширкати марбут ба хоҳари Тоқаев Карлига Избостина бар ивази 280 миллион танга соҳиб шуд. Бендитский гуфта буд, ки хоҳари Тоқаев хонаро бо маблағе харид кард, ки ҳатто аз пули таъмираш камтар аст.

Қосимҷомарт Тоқаев он замон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон буд. Бендитский соли 2006 навишта буд, ки се бино ва қитъаи замини меҳмонсарои вазорати зери раҳбарии Тоқаев миллиард танга арзиш дошт ва ҳоло шояд чандин баробар бештар бошад.

Қабулгоҳи меҳмонони вазоратро Избостина тавассути ширкате бо номи “Meerbusch” соҳиб шуда буд ва дертар ба ҳайати муассисони ширкат духтараш Дана Медеунова низ шомил гашт.

Ин хона дар ҳоли ҳозир ба Раҳимбек Тасболатов тааллуқ дорад. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ натавонист муайян кунад, ки Тасболатовро бо хонаводаи Тоқаев чӣ мепайвандад.

Меҳмонсаройи пешинаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон
Меҳмонсаройи пешинаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон

Тоқаевҳо ва Нуртлеу

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раиси дастгоҳи ӯ Мурод Нуртлеу на танҳо дар як идора – “Оқорда” кор мекунанд. Як мурури бодиққат ба шарҳи ҳоли онҳо исбот мекунад, ки Нуртлеу шахси боэътимоди Тоқаев ба ҳисоб меравад.

Нуртлеу фаъолияти кориро соли 1998 дар Вазорати умури хориҷии Қазоқистон оғоз кардааст. Ӯ дар давраи вазирии Тоқаев ба ҳайси мушовири вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ифои вазифа мекард ва вақте Тоқаев раиси сенат, палатаи болоии порлумони Қазоқистон, интихоб шуд, Нуртлеу раиси дастгоҳи он таъйин гашт.

Вақте Тоқаев соли 2019 президенти Қазоқистон интихоб шуд, Нуртлеу билофосила дар дастгоҳи раёсатҷумҳури он кишвар мансаб гирифт. Дар аввал он мушовири президент буд ва баъди ҳодисаҳои моҳи январи имсол нахуст муовини аввали раиси кумитаи амният ва пас аз як моҳ раиси дастгоҳи президенти Қазоқистон шуд.

Писари президенти Қазоқистон Темур Тоқаеви 38-сола ва бародари хурдии Мурод Нуртлеу -Шалкар муносибатҳои деринаи тиҷорӣ доранд. Шалкар Нуртлеу соли 2016 ширкати Fortius-ро, ки ба Темур Тоқаев тааллуқ дошт, раҳбарӣ мекард. Нуртлеу дертар ба нафақа баромад. Аммо робитаи тиҷории онҳо қатъ нашуд.

Қосимҷомарт Тоқаев ва Мурод Нуртлеу
Қосимҷомарт Тоқаев ва Мурод Нуртлеу

Номи онҳо ба зудӣ дар рӯйхати раҳбарони як ширкати дигар пайдо гашт. Моҳи декабри соли 2017 Ширкати “United Energy Service” хусусӣ гардонида шуд. Ширкати миллии "Самрук-Энерго" онро ба маблағи 11 миллиарду 820 миллион танга фурӯхт. “United Energy Service”-ро ширкате харид, ки яке аз муассисонаш писари Тоқаев аст. Баъди харидани ширкат раҳбарии шӯрои мудирони он бар зиммаи Шалкар Нуртлеу гузошта шуд. Бар асоси манбаъҳои боз, даромади солонаи ширкати мазкур 138 миллиард танга аст.

Шалкар Нуртлеу чанд ширкати дигар низ дорад. Яке аз онҳо “Кокшетауские Минералние Води” аст, ки нӯшокиҳои гуногун, аз ҷумла спиртӣ истеҳсол мекунад. Вай ҳамчунин яке аз муассисони ширкати "Азия Су" аст, ки корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳо бо тамғаи "Турон"-ро дар ихтиёр дорад. Тавре дар аксҳои дастгоҳи раёсатҷумҳури Қазоқистон дида мешавад, қаблан ҳангоми вохӯриҳо дар рӯи мизҳо оби “Тассай” буд, ҳоло ҷои онро “Турон” гирифтааст.

Дақиқ гуфтан наметавон, ки ин “ҷойивазкунии обҳо” кай сурат гирифтааст, аммо бар асоси аксҳои хадамоти матбуоти Тогқаев, метавон гуфт, обҳои ширкати марбут ба Шалкар Нуртлеу аз моҳи августи соли 2021 ба рӯи мизҳои дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ роҳ ёфтаанд.

Тимур Тоқаев ва Шалкар Нуртлеу
Тимур Тоқаев ва Шалкар Нуртлеу

Хоҳарзодаҳои Тоқаев

Қосимҷомарт Тоқаев моҳи июли соли 2019 Темуртой Избостин, шавҳари хоҳараш Карлигаро сафир дар Булғористон таъин кард ва ҳамин тариқ фарзандони Избостин ё худ хоҳарзодаҳои Тоқаев низ ба мансабҳои калидӣ дар ниҳодҳои тиҷорӣ роҳ ёфтанд.

Духтари калонии Избостинҳо Дана Медеуоваи 43-сола дар Қазоқистон ва Булғористон бо тиҷорат машғул аст. Вай соҳиби се ширкати сохтмонӣ “Dami Investment”, “Dami International” ва “SD Property Investments” дар Булғористон аст. Ҳар се ширкат дар як суроға сабт шудаанд.

Тавре хабарнигорони сомонаи русии “Ҳикояҳои муҳим” хабар доданд, Дана ва бародари хурдии ӯ Бекет Избостин дар Чехия ду ширкат доштанд, ки амволи ғайриманқулро ба иҷора медоданд. Дана Медеуова дар Қазоқистон бо корҳои иктишофи маъданҳо низ машғул аст. Як ширкати марбут ба ӯ дар кони тилои Эрмаксуи вилояти Туркистони Қазоқистон кор мекард.

Каниш Избостини 40-сола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ширкатҳои миллӣ ифои вазифа мекард. Баъд аз ҳаводиси моҳи январ ӯ аз вазифаи муовини аввали раиси ширкати “Байтерек” истеъфо дод. Каниш домоди Қозӣ Корпеш Карбузов аст, ки ба ҳайси муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва раиси Кумитаи гумрукии Қазоқистон фаъолият дошт. Карбузов соли 2011 пас аз парвандаи пурсарусадо ва айбдоршавии мансабдорони баландпояи қазоқ дар ташкили қочоқи мол аз Чин кумитаи гумрукро тарк кард.

Оби "Турон"
Оби "Турон"

Бекет Избостини 37-сола мудири кулли PSA, як ширкати зертобеи “КазМунайГаз” аст, ки буҷаи солонаи он беш аз як триллион тангаро ташкил медиҳад.

Муҳаммад Избостини 39-сола соҳибкор мебошад. Ӯ ҳамроҳ бо писари Тоқаев ширкати нафтии “Abi Petroleum Capital”-ро дар ихтиёр доштанд. Ин ду нафар ширкати мазкурро замоне таъсис доданд, ки ҳамагӣ 20 сол доштанд. Ширкат солона садҳо миллион танга даромад дорад.

“Abi Petroleum Capital” қаблан дар шаҳри Алмато дар нишоние сабтином шуда буд, ки онҷо “Қабулгоҳи меҳмонон”- ҳамакнун собиқи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ҷойгир аст. Дертар раҳбарии ширкатро Карлига Избостина бар зимма гирифт. Ӯ ҳамчунин дар як ширкати дигар низ шарики Тоқаеви хурдӣ буд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Қазоқистон, дороиҳо дар хориҷ

Темур Тоқаев дар вилояти Алмато як хоҷагии деҳқонӣ бо номи “Тоқаев” дорад, ки дар ноҳияи Ескелдинский ба қайд гирифта шудааст. Дар манбаъҳои боз дар бораи он ки ин хоҷагӣ бо кишти кадом зироат машғул аст ва чӣ қадар даромад дорад, маълумот мавҷуд нест. Ҳамин қадар маълум аст, ки Тоқаеви хурдӣ андози заминро пурра напардохтааст. Тибқи иттилои портали “Egov”, ӯ 600 танга қарздор аст.

Баъди ба курсии раёсатҷумҳурии Қазоқистон такя задани Қосимҷомарт Тоқаев дар соли 2019 баъзе аз ширкатҳои марбут ба писари ӯ дар он кишвар фаъолиятро қатъ карданд ва ҳамчунин Тоқаеви хурдӣ аз ҳайати муассисони як қатор ширкатҳои дигар берун шудааст.

Тими мухолифи рус Алексей Навалний соли гузашта ошкор карданд, ки Темур Тоқаев ва модараш Надежда Тоқаева дар шаҳри Маскав ду манзил доранд. Бар асоси маълумоти Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод, Тоқаеви хурдӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария низ се хона дорад.

Навор бо забони русӣ аст:

Таҳқиқотгарон муайян карданд, ки аъзои оилаи Тоқаевҳо дар бонкҳои Швейтсария ҳисобҳое низ доштаанд ва тавассути онҳо маблағҳои зиёд интиқол дода шудааст. Ҳамсари Тоқаев Надежда ва писараш соли 1998 дар суратҳисобҳои бонкии “Credit Suisse” тақрибан як миллион доллар доштанд. Тоқаевҳо сипас ин ҳисобҳоро баста, дар соли 2012 дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё ширкатҳои оффшорӣ таъсис додаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон ин иттилоъро “ҳамлаи иттилоотии дурӯғ” номид.

Темур дар ҳоли ҳозир бунёди Камол Тоқаевро раҳбарӣ мекунад. Бар асоси санадҳои андоз, буҷаи бунёд он қадар калон нест. Вале Карлига Избостин ва писараш Муҳаммад низ аз зумраи муассисони бунёданд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ ба маъмурияти президент, сафорати Қазоқистон дар Булғористон ва бунёди Камол Тоқаев нома фиристода дархост кард, ки баъзе аз бандҳои таҳқиқотро назари худро баён кунанд, вале то замони нашри матлаб посухе дарёфт накард.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG