Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсифат Шаҳидӣ: "Дар таърих як рӯзи бе ҷанг нест" ВИДЕО


Гулсифат Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ, нависандаи тоҷик, китоби нави худро бо номи “Аҳриман” ва дар бораи хушунат дар хонавода нашр кардааст. Ӯ мегӯяд, достон ба занон нерӯ хоҳад дод, ки ҳаёти худро ислоҳ кунанд ва ба хуб зистан идома диҳанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ хонум Шаҳидиро, ки солҳои охир дар хориҷ кору зиндагӣ дорад, ҳафтаи гузашта дар Душанбе вохӯрд ва аз ӯ пурсид, сабаби афзоиши зӯроварӣ дар оилаҳо дар Тоҷикистон чист?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Мо зиёд патриархат ё мардсолорӣ мегӯем, ки онро асрҳо боз аз байн бурда наметавонем. Бештаре аз мушкилоти оилавӣ аз ҳамин мардсолорӣ сар мезанад. Аз ман хостанд, асаре нависам, ки барои духтарони ҷавон мисли дастурамал гардад ва пас аз хонданаш бигӯянд, “не, ман метавонам зиндагӣ дошта бошам ва онро бо дастони худам дигаргун созам”. Албатта, ин хеле мушкил аст. Бе мусоидати ҷомеа ва шахсони масъул, ки бояд ҳам психологияи оилавӣ ва ҳам худи ҷамъиятро тағйир диҳанд, душвор аст. Ҳар инсон аз кӯдакӣ бояд дар муҳити хонавода муносибати созгорро биомӯзад. Духтарон дар мактаб ва зинаҳои дигари таҳсил бояд ба зиндагии оилавӣ омода шаванд.”

Радиои Озодӣ: Пас, ин романро мешавад дастурамале барои зиндагии оилавӣ номид?

Ҳоло мегӯянд, инҷо ҷанг аст, онҷо ҷанг аст. Дар таърих як рӯзи бе ҷанг набуд. Фақат дар гузашта интернет надоштем ва дар бораи ин ҷангҳо иттилоъ надоштем. Инсон аз рӯзи пайдо шуданаш ҳамеша дар ҷангу ҷидол буд.

Гулсифат Шаҳидӣ: “Умуман, касеро чизе ёд намедиҳам. Фақат асарро ба тарзе навиштам, ки он барои хонанда метавонад ҳамчун дастурамал хидмат кунад. Вақте муаррифии китобро баргузор кардам, хонандаҳо гуфтанд, ин китоб бояд зудтар ба забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар нашр шавад, зеро ин мушкил танҳо хоси Тоҷикистон нест. Ин мушкил дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мушоҳида мешавад.”

Радиои Озодӣ: Китоб дар Тоҷикистон нашр шуд ё не?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Бале, бо забони русӣ нашр шуд ва ҳоло бар сари нашри тоҷикиаш музокирот дорем. Худам вақт надорам, ки онро ба тоҷикӣ тарҷума кунам. Ба навиштани асари наве машғуам. Шитоб дорам, ки бештар эҷод кунам, зеро намедонем, чӣ қадар умр мебинем ва бояд бештар бинависам.”

Радиои Озодӣ: Замоне тарҷумонӣ мекардед ва чаро асарҳои Шуморо бояд каси дигаре ба забони тоҷикӣ баргардонад?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Агар ман асари худро тарҷума кунам, бояд онро аз нав бинависам. Зеро ба забони тоҷикӣ навиштаҳо бояд каме дигар бошанд. Барои хонандаи мо ҳадафҳои нависанда бояд ба шакли дигаре пешниҳод шаванд. Барои аз сари нав навиштани асари худ ба забони тоҷикӣ вақт надорам.”

Радиои Озодӣ: Ончӣ аз эҷоди Шумо хондаам, бештар ба мавзуъҳои иҷтимоӣ бахшида шудааст. Чаро ба мавзуъҳои таърихӣ ё сиёсӣ рӯй намеоред?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Росташро мегӯям, сиёсатро дӯст намедорам. Дар ҳақиқат, замоне шудааст, ки бе сиёсат зистан намешавад. Ҳар кас, хоҳад ё нахоҳад, бояд дохили сиёсат бошад, вале ман дӯст намедорам. Дувум, масъалаҳое, ки ман дар асарҳоям инъикос мекунам, ҳалталабанд ва иҷрошаванда мебошанд. Ба мавзӯи сиёсат бигзор сиёсатмадорон кордор бошанд. Ҳоло мегӯянд, инҷо ҷанг аст, онҷо ҷанг аст. Барояшон мегӯям, дар таърих як рӯзи бе ҷанг набуд. Фақат мо дар гузашта интернет надоштем ва дар бораи ин ҷангҳо иттилоъ надоштем. Инсон аз рӯзи пайдо шуданаш ҳамеша дар ҷангу ҷидол буд.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед тавони ба мавзуъҳои сиёсӣ рӯй оварданро надоред. Воқеан, имконияташро надоред ё намехоҳед? Зеро ҳоло дар Тоҷикистон рӯй овардан ба мавзуъҳои сиёсӣ то ҷое хатарнок ҳам дониста мешавад...

Гулсифат Шаҳидӣ: “Не, медонед, ба ғайр аз Худо, аз чизе наметарсам. Бояд иқрор шавам, ки ман умуман сиёсатро намедонам. Кӣ медонад? Фикр мекунам, худи сиёсатмодорон ҳам намедонанд. Намехоҳам дигар чунин саволе шавад, намехоҳам дар бораи сиёсат гап занам.”

Навори суҳбатро дар Ютюб бинед:

Радиои Озодӣ: Узви чанд созмони эҷодии хориҷӣ ва байнулмилалӣ ҳастед, оё узвияти Иттиҳоди адибони Тоҷикистонро ҳам доред?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Албатта, не. Ойиннома доштаанд, ки дар он қабули адибони синнашон боло аз 60 манъ будааст. Ман бошам, ба эҷоди асар пас аз шастсолагӣ сар кардам. Ҳеч гап не. Узв будану набудан барои инсони эҷодкор муҳим нест. Дар хориҷа хостанд, маро ба узвият пазируфтанд, дар ин ҷо нахостанд ва қабул накарданд. Муҳим, хонандаам маро қабул кард.”

Радиои Озодӣ: Қабул накарданашон танҳо ба хотири ойиннома аст ё ягон ангезаи дигаре бошад?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Не, танҳо ойиннома. Ойиннома доранду тибқи он кор мекарда бошанд, бисёр хуб. Даъвое надорам.”

Радиои Озодӣ: Шумо намояндаи хонаводае ҳастед, ки падаратон дар гузашта вазири тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ҳамсаратон бастакори маъруф Толиб Шаҳидӣ. Оё фикр намекунед, зери сояи шуҳрати шавҳару хонавода мемонед?

Гулсифат Шаҳидӣ: “То ба сатҳи шавҳарам расидан, бояд эҷодро аз даҳсолагӣ сар мекардам. Истеъдоди офаридани мусиқиро Худованд ба интихобкардаҳояш медиҳад. Мусиқӣ ин оҳанги қалби худи Худованд аст. Ман ҳамеша дар сояи ин кас будам ва ҳастам. Зан ҳамон вақт метавонад хушбахт бошад, ки дар паҳлӯяш ҳамеша шавҳаре бошад, ки самимиву хуб бошад ва тавонад бо ӯ фахр кунад. На танҳо номи баланд доранд, балки одами хубанд.”

Гулсифат Шаҳидӣ ва Толиб Шаҳидӣ
Гулсифат Шаҳидӣ ва Толиб Шаҳидӣ

Радиои Озодӣ: Феълан, дар кадом кишвару кадом шаҳр зиндагии доимӣ доред?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Аз пушти бачаҳо паррончак шудаем. Бештар дар Маскав будем ва сипас писари хурдиам моро ба Лондон бурд. Аз он ҷо ба Дубай кӯчид ва моро ҳам бо худ бурд.”

Радиои Озодӣ: Пас, ҳоло дар Дубай ҳастед?

Гулсифат Шаҳидӣ: “Ҳам Дубай ва ҳам дигар ҷойҳое, ки бачаҳоямон ҳастанд. Се писар дорем, ки бо дидорбинии ҳар яке аз онҳо як сол мегузарад. Боз бояд ба ватан ҳам биоем.”

XS
SM
MD
LG