Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вақте хонанда нест, нависанда чӣ гуна метавонад пайдо шавад?"


Нависандагони адабиёти муосири тоҷик, ки ҳаққи комил доранд худро идомадиҳандаи адабиёти форсӣ бидонанд, имрӯз дур аз эътиборе ҳастанд, ки ниёгонашон доштанд. Ва чунон, ки маълум шуд, мавзӯъ танҳо марбути эҷодиёти онҳо нест.

Нависандагон миёни нохонандаҳо

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик, ки китобхонӣ, аз ҷумла насри муосири тоҷикро дӯст медорад ва дар баробари фаъолияти рӯзноманигорӣ, тиҷорати марбут ба фурӯши китоб ҳам дорад, дар мавриди вазъи ин соҳа иттилои бисёр хубе дорад ва ба паҳлуҳои мусбату манфӣ таъкид мекунад.

Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик.
Азиз Нақибзод, рӯзноманигори тоҷик.

"Дар 20-30 соли ахир дар мо нависандаҳои бисёр хубе ба майдон омаданд, ҳарчанд теъдодашон зиёд нест. Миёни онҳо Юнус Юсуфӣ, Қодири Рустам, Баҳманёр ва чанд нависандаи дигаре ҳаст, ки осорашон сад дар сад ба меъёрҳои муосири адабиёт мутобиқ аст",-таъкид мекунад Нақибзод.

Ба сифати жанрҳои маъмултари эҷодиёти нависандагони муосири тоҷик ӯ аз роман ва романҳои таърихие ном мебарад, ки ба мавзӯъҳои эҳёи миллӣ, таърихи минтақа ва дигар мавзӯоти муҳим бахшида шудаанд. Вале ба гуфтаи Нақибзод, осори нависандаҳои тоҷик миёни мардум маъруфияти зиёде надоранд. Мегӯяд, ки ҷавонони тоҷик, тақрибан аз хондани китоб дур шудаанд.

Айни замон масъалаи ҷалби мардум ба китобхонӣ дар Тоҷикистон доғ боқӣ мемонад ва маълум нест, ки то чӣ замоне нависандагони муосир метавонанд кори худро давом бидиҳанд.

Ба унвони мисоли таъйидкунандаи ҳарфҳояш, рӯзноманигор мегӯяд, ки ҳоло тиражи умумии китобҳо 200 нусха аст, ки бо мушкил мешавад онҳоро дар давоми ду сол фурӯхт ва ин нишондиҳандаи талаботи ками харидорон аст. Бар асоси мушоҳидаҳои ӯ, ҳоло каме тағйирот дар ин арса ба вуҷуд омадааст, ки миёни харидорон ба ҷуз онҳое, ки дастурҳову фарҳангҳои омӯзиши забонҳои хориҷиро суроғ мекунанд, ҳамчунин онҳое низ пайдо шудаанд, ки ба дунболи китобҳои бадеии адабиёти ҷаҳонӣ мебошанд.

Дар солҳои истиқлол насри тоҷик, ба тадриҷ таҳти таъсири ҳаводиси давру бар, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ ва бозсозии пасоҷангӣ эҳё шуд. Дар осори нависандаҳои тоҷик мавзуоте чун башардӯстӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ва Ватан, иродаи инсон ва ғайраҳо инъикос шудан гирифт. Вале дар давраи нав шумораи зиёде харидори ин маҳсулот нашуд ва доираи хонандагон ба таври назаррас маҳдудтар шуд.

"Адабиёти муосир гирифтори буҳрон"

Абдуқодири Рустам яке аз нависандаҳои муосири маъруфи адабиёти тоҷик аст. Ӯ муаллифи осоре чун “Рӯдакӣ, Фаромӯшӣ, Чингизхон ва хар”, “Чойхонаи Роҳат”, “Пойҳо ва Рӯйҳо”, “Якрав”, “Хари марзшикан”, “Дандонковак” ва ғайраҳост. Нависанда дар осораш ба ҳастӣ ва моҳият (кистӣ ва чистӣ)-и инсон таваҷҷуҳ карда, ба мавзуоти муҳими иҷтимоӣ мепардозад ва талош мекунад нишон бидиҳад, ки чӣ гуна як фард таҳти таъсири шароити мухталифи иҷтимоию сиёсӣ метавонад тағйир кунад ва моҳияти инсонии худро дарк кунад.

Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик.
Абдуқодири Рустам, нависандаи тоҷик.

Ин нависанда бо таассуф изҳор медорад, ки адабиёти муосири тоҷик гирифтори бӯҳрон шудааст ва сарфи назар аз набуди тақозо дар ин бозор, муаллифон ба эҷоди асарҳо давом медиҳанд. "Он нависандагоне ки менависанд, бо шавқи дил менависанд, барои қаноат додани худ ва барои посух додан ба саволҳое, ки дар қалбу мағзашон пайдо мешаванд ва мисли кирм онро мехӯранд. Барои он, ки онро ором кунанд, чизе менависанд ва барои хонандагоне, ки дар ҳоли кам шудан ҳастанд, медиҳанд".

Нависанда масъалаи асосии адабиёти тоҷикро дар марҳалаи кунунӣ тарбия ва ба вуҷуд овардани хонанда медонад, ки ба назари ӯ адабиёт бидуни хонанда наметавонад вуҷуд ва рушд дошта бошад. "Касоне ки ҷойгузини устодҳо бошанд, ман имрӯз чунин ҷавононро немебинам. Нависанда аз миёни хонанда пайдо мешавад, агар хонанда нест вай чӣ гуна метавонад пайдо шавад",-муътақид аст Абдуқодири Рустам.

"Ҳукумат ғамхорӣ мекунад"

Мунаққидон ва донандаҳои адабиёти муосири тоҷик аз миёни намояндаҳои ин адабиёт чеҳраҳое чун Урун Куҳзод, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Барот Абдураҳмон, Баҳманёрро ном мебаранд, ки роман ва ҳикояҳояшон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудааст ва мавзӯоти доғи имрӯз ва таърихро матраҳ мекунанд.

Ба ҷуз ин, дар кишвар ба таври расми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки аз ҳисоби шоирону нависандагон 400 узв дорад. Иттиҳодия ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", маҷаллаи "Садои Шарқ" ва фаслномаи русии "Памир"-ро дар ихтиёр дорад.

Ато Мирхоҷа.
Ато Мирхоҷа.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа бар ин бовар аст, ки ин соҳа дар даврони истиқлол бо шарофати таваҷҷуҳи раисҷумҳур бештар рушд кард. "Пешвои миллат тамоми вохӯриҳои наврӯзиашро аз дидор бо нависандагону шоирон шурӯъ мекунад. Онҳоро гӯш мекунад, дар асоси фикрҳои онҳо барномаҳои нав мураттаб мешаванд. Онҳо дар радиову телевизион фаъол ҳастанд ва бо ҷомеъа иртиботи бевосита доранд”,- мегӯяд Мирхоҷа.

Ба гуфтаи ӯ, нависандаҳои муосир осорашонро дар сатҳи баланд эҷод мекунанд, вале хонандаи ин адабиёт кам аст ва онҳое, ки мехонанд, мехоҳанд китобро ройгон ба даст биоваранд. Ба ҷуз ин, Мирхоҷа ба мушкилоти расонидани китобҳо ба навоҳии дурдаст, ки то кунун ҳал нашудааст, ишора мекунад.

Нависандагӣ барои оромиши руҳ

Нависандагони муосир мисли даврони Шӯравӣ дигар аз давлат ҳаққи қаламҳои ҳангуфт дарёфт намекунанд ва мушкилоти ёдшуда иҷоза намедиҳад, ки онҳо осори худро бо тирожи калон бифурӯшанд. Аз ин хотир, хеле аз онҳо дар баробари кори асли худ ба эҷод мепардозанд ва инро як хоббӣ медонанд.

Фанновариҳои навин ва рушди интернет ба онҳо имкон медиҳад, ки осори худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок бигузоранд ва бо хонандагони худ дар иртибот бошанд. Яке аз нависандаҳои русзабоне, ки аз ин равишҳо истифод мекунад, Ҷӯрахон Маматов аст. Дар даҳ соли кори эҷодӣ ӯ бештар аз 90 асар офаридааст ва акнун ба навиштани нахустин романи худ пардохтааст. Китобҳои ҳовии ҳикояҳои кӯтоҳу дарози ӯ дар Маскав, Ню-Йорк, Торонто, Санкт-Петербург нашр шудаанд ва хеле зуд ҳаводорони худро пайдо кардаанд.

Ҷӯрахон Маматов.
Ҷӯрахон Маматов.

Маматов рӯйи фоида тамаркуз намекунад ва мегӯяд, ки аз алоқамандӣ ба эҷодиёти худ илҳоми бузурге мегирад.

"Маро он чиз хушҳол мекунад, ки вокунишҳои зиёде аз ҳамватанони собиқи худ аз Олмон, ИМА, Канада ва Австралия дарёфт мекунам. Мардуме, ки замоне дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд ва бо хондани ҳикояҳои хумории ватании мо мешаванд”,-мегӯяд нависанда.

Дар осори ӯ талошҳои нишон додани ҷанбаҳои хуби тоҷикон ба унвони мардумони мутамаддин дида мешавад. "Тақрибан дар ҳар ҳикояи ман нафаре ҳаст, ки китобхон аст ва бо ин ман мехоҳам нишон диҳам, ки мардуми мо инсонҳои муқаррарие ҳастанд, мардуми мо ҳам китоб мехонанд, онҳо ҳам рӯшанфикранд. Танҳо муҳоҷир ва коргароне нестанд, ки дар хориҷ кор мекунанд",-мегӯяд Маматов.

Миллати дур аз мутолиаро чӣ гуна мешавад ислоҳ кард?

Иртибот ба намояндагони зиёиёни эҷодкор дар ин маврид бо нависандагон, ба хулосае меоварад, ки ин бахш дар Тоҷикистон бар пояи шӯру шавқу вафодории ин теъдоди ками мардум нигоҳ дошта мешавад, ки бо тамоми имкон талош доранд таркибҳои маънавӣ ва ахлоқии миллатро ҳифз кунанд ва барои ин ҳеч фоидае нагиранд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба теъдоди хонандагон ва эътибори муаллифон дар миёни омма, то ҳанӯз муяссар нашудааст ин кор анҷом шавад.

Абдуқодири Рустам бар ин назар аст, ки дар вазъияти имрӯз зарур аст, ки барои хондан маҷбур кунем. "Як роҳи аз ҳама муассираш ин аст, ки дар интихоби кадрҳо дар мақомҳои давлатӣ дар барообари дигар сифатҳои кордониву доноии номзад ба он мақом, бояд сатҳи китобхонии он ба назар гирифта шавад. Дар пурсишномаҳо саволҳое ба мисли аз адабиёти муосири ҷаҳон чӣ чизро хондаӣ ё охирин китобро аз адабиёти тоҷик чӣ хондӣ бошад",-пешниҳод мекунад нависанда.

Ба ин тартиб, ба назари ӯ мешавад худи кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва баъдан номзадҳоро низ ба китобхонӣ мачбур кард. Нависанда ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки бояд нашриёт имтиёзҳое дошта бошанд, то нархи китобҳо баланд набошад ва ба маоши мардум мувофиқат кунанд.

Айни замон масъалаи ҷалби мардум ба китобхонӣ дар Тоҷикистон доғ боқӣ мемонад ва маълум нест, ки то чӣ замоне нависандагони муосир метавонанд кори худро давом бидиҳанд, дар ҳоле ки эътироф мекунанд дар дохили кишвар ба кори онҳо таваҷҷуҳи муносибе сурат намегирад.

Эътироф дар хориҷ

Бо вуҷуди ин, замоне ки дар дохили Тоҷикистон гуфтугузор сари ин аст, ки чӣ гуна мардумро ба хондан ҷалб кунем, берун аз кишвар нависандагони тоҷик, қариб ҳар сол мавриди эътироф қарор мегиранд.

Ба шумори онҳо Гулсифат Шаҳидӣ, ки чанде пештар дар бахши "Муаллифи сол"-и ҷоизаи Hertfordshire Press-2018 дар Лондон барои маҷмӯаи ҳикояҳои "Афсонаҳои бибии Гулсифат" муаллифи сол дониста шуд, Сироҷиддин Икромӣ, ки соли 2016 барандаи ҷоизаи фестивали ҳамасолаи "Open Eurasia and Central Asia Book Forum & Literature Festival 2015" барои повести "Аз торикӣ ба рӯшноӣ" шуд ва Гулчеҳра Пӯлодова нахустин нависандаи зани тоҷик, ки барандаи ҷоизаи озмуни байналмилалии адабии "Ҷоизаи русӣ" дар соли 2007 ва дигаронро ворид кард.

XS
SM
MD
LG