Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳокими мусиқӣ, соҳибмактаб ва навовар". Толиб Шаҳидӣ 75-сола шуд. АКС


Толиб Шаҳидӣ
Толиб Шаҳидӣ

Зиндагии ӯ зиёд дар сафар мегузарад – Маскаву Лондон, маконҳои маъмулии саёҳату зиндагии солҳои охири Толиб Шаҳидӣ шудааст, чун писаронаш дар ин шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд.

Бо вуҷуди пандемияи коронавирус, ахиран аз Лондон ба Маскав рафт ва қарор аст 75-солагиашро рӯзи 13-уми март дар ин шаҳри донишҷӯиаш таҷлил бикунад. 8-уми март дар толори хурди Консерваторияи ба номи П.И.Чайковский консерти асарҳои ин оҳангсози маъруфи тоҷик барпо шуд ва қарор аст 29-уми апрел як барномаи ҳунарии ҷашнӣ доир гардид.

ФАРОМӮШХОТИРӢ

Толиб Шаҳидӣ мегӯяд, гузашти синну солро шояд дар ҳофизаи каме заъифшудааш эҳсос мекунад.

Ӯ гуфт: “Замоне ҳамаи рақамҳои телефонҳоро дар ёд доштам, ҳоло бошад, гоҳо пораи оҳанги наверо, ки бояд ёдрас мекардам, фардояш фаромӯш мекунам. Аз он ҳам каме афсӯс мехӯрам, ки бархе корҳою ниятҳоямро вақт наёфтам анҷом бидиҳам”.

Аксҳо аз кору эҷоди Толиб Шаҳидиро ин ҷо бубинед.

Ҳарчанд, мегӯяд, дар зиндагӣ талош кардааст аз рӯи муҳимтарин насиҳати устоди консерваторияаш Арам Хачатурян амал кунад, ки соли 1971 зери акси хотиравие ба шогирди тоҷикаш навишт: “Толиб, вақтро аз даст надиҳед”.

Толиб Шаҳидӣ ҳамеша гуфтааст, ки дилбастагиаш ба мусиқиву эҷодро аз падар гирифтааст. Хонаи Зиёдуллло Шаҳидӣ (1914-1985), офарандаи операи маъруфи “Комде ва Мадан” ва даҳҳо асари дигари мусиқӣ, макони кору эҷоди устодони ҳунар – Барно Исҳоқова, Туҳфа Фозилова, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Бурҳон Муҳаммадқулов будааст. Мегӯяд, устоди аввалинаш ҳам Юрий Тер-Осипов, ки бо машварати оҳангсози озарӣ Қаро Қароев ба Тоҷикистон рафту, давоми ним сол дар хонаи онҳо дар Душанбе зиндагӣ кард, дар ташаккули ӯ ба ҳайси як мусиқишиносу оҳангсоз нақши калидӣ бозид.

“Муҳити афсонавие, ки дар хонаи мо буд, шеъру оҳанге, ки аз забони беҳтарин ҳунармандони давр садо медод, на танҳо дар таҳсилу омӯзиш, балки барои одамшиносиву инсондӯстӣ нақши муҳим бозидааст”,--ба ёд меорад ӯ.

“БАРОИ ЯК ОПЕРА 5 ҲАЗОР РУБЛ МЕДОДАНД”

Толиб Шаҳидӣ мегӯяд, давраи фаъоли таҳсилу эҷоди ӯ маҳз дар давраи шӯравӣ гузаштааст: таҳсил дар Консерваторияи Маскав, хидмати яксола дар Таманская дивизия (1972-73) ва ду моҳи охираш - дар оркестри ҳарбӣ, узвият дар Иттифоқи оҳангсозони ССССР ва эҷоди мусиқӣ барои саҳна, синамо ва ғайра–ҳама аз назари эҷодиву молӣ илҳомбахшу пурбор буд. Ӯ мегӯяд, барои эҷоди операву мусиқии синамо Вазорати фарҳанги СССР ҳақи хуб медод ва ин чиз эҷодкорро хеле дилгарм мекард.

“Барои як опера 5 ҳазор рубл медоданд, барои аъзои Иттиҳоди оҳангсозон хона тақдим мекарданд. Магар ҳоло инро тасаввур кардан мумкин аст? Барномаҳои консертӣ ва ҷашнвораҳо ҳама барномарезишуда буд ва ин чиз барои кору эҷод хеле кӯмак мекард. Симфонияи “Садо”-и ман дар як вақт дар Алмаато ва ҳамзамон дар Маскав иҷро мешуд”,--мегӯяд ӯ.

Арам Хачатуриян
Арам Хачатуриян

Филм-балети“Рубоиёти Хайём”-аш аз соли 1980 то 1991 ҳар сол дар зодрӯзи Малика Собирова аз шабакаи аввали телевизиони Иттиҳоди шӯравӣ пахш мешуд. Соли 1991 Толиб Шаҳидӣ дар баробари Карен Хачатурян ва Андрей Эшпай дар 100-солагии эҷоди оҳангсози рус Прокофйев дар Дюсселдорф бо симфонияи “Садо” ҳунарнамоӣ кард. Ҳоло ин ҷашнвораву интихоб шудани худро барои сафар ба ин ҷашнвора як мӯъҷиза медонад.

Айни замон, ба гуфтааш, суқути Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун як падидае қабул кард, ки бо ин ки ногаҳонӣ буд, айни замон тақозои замон гардид. Мегӯяд, ҳасрати аз даст рафтани як кишвари калонро намехӯрад, аз он шод аст, ки Тоҷикистон тавонист давлати мустақили миллии худро бисозад.

“Вале кор дар самти боло бурдани фарҳанг ва иқтисод ҳоло зиёд аст, - меафзояд Толиб Шаҳидӣ ва идома медиҳад, ки “фарҳанг бояд барои тақвияти ҷомеа хидмат кунад ва дар худ маҳдуд нашавад. Масалан, Театри операву балети тоҷик, ки дар Осиёи Марказӣ беҳтарин буд, бояд ҳифз шавад. Ҳамингуна бояд киностудияи “Тоҷикфилм” ҳам маблағгузорӣ шавад, то корашро идома дода тавонад”.

ТАҶРИБАИ КОР ДАР ХОРИҶА

Толиб Шаҳидӣ имрӯз ҳам ба шарофати шинохта будани осораш дар хориҷа ва ҳам кӯмаки фарзандон пайваста аз саҳнаҳои консертии Бритониёву Австрия, Итолиёву Олмон, Исроилу Русия ва дигар давлатҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин консертҳо талош мекунад дар баробари намунаҳои нави эҷодаш, инчунин симфонияҳои шеърии “Садо”, “Идона”, балети “Марги судхӯр” ва “Сиёвуш”, асари “Ҳофизнома” (эҷодшуда барои Фаррух Қосимов), симфонияи “Тоҷикон” (бахшида ба асари “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров)-ро муаррифӣ кунад. Ҳақи муаллифии ӯ дар Лондон сабтином шудааст ва ин чиз барояш дар таблиғу нашри осораш хеле кӯмак мекунад.

Солҳои 2000 то 2005 нимсолӣ дар Теҳрон кор кардааст. Сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ баъди шунидани “Ҳофизнома”-и Шаҳидӣ ӯро ба Теҳрон барои таълими дарси оҳангсозӣ дар як муассисаи ҳунарҳои зебои ин шаҳр даъват кард. Шаҳидӣ мегӯяд, ин як давраи хуби ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон буд. “Ёдам ҳаст, донишҷӯёни эронӣ як дафъа пурсиданд, ки барои оҳангсоз шудан, чанд сол хондан лозим аст. Гуфтам: 10 соли мактаб, чор соли консерватория ва баъд тамоми умр. Бачаҳои хуб буданд. Шӯхиву танзро ҳам хуб мефаҳмиданд”.

БОБОИ 10 НАБЕРА ВА ГУЛГАШТИ ДУШАНБЕ

Толиб Шаҳидӣ се писар ва даҳ набера дорад. Табриз дар Маскав ба ҳайси продюсери мусиқии ситораҳои ҳунари Русия ном баровардааст, ду писари дигар дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ дар Лондон кор мекунанд. Ҳамсараш – Гулсифат Шаҳидӣ, ки солиёни зиёд хабарнигори ТВ “Мир” дар Душанбе буд, чанд сол пеш ба ҳайси нависанда аз худ дарак дод.

“Муносибат бо фарзанду набераҳо шояд аз ҳар чизи дигар муҳимтар бошад. Барои ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи дурусти кӯдакон аз замони таваллуди онҳо бояд кор кард. Масалан, бачаҳо шӯхӣ карда аз кӯча меомаданд, ҳамеша ором ва таъсирбахш гап мезадам, бе асабонияту хархаша. То ҳол ҳамин хел аст”,--мегӯяд ӯ.

Ба гуфтааш, ҳар кору тасмиме, ки гирифта мешавад, бо машварату мувофиқа бо ҳамсараш аст: “Ба бачаҳомон нигоҳ мекунему мефаҳмем, ки дигаргуна зиндагӣ карда ҳам намешавад. Ин асос аст”.

Як соли охир, ба гуфтаи ӯ, бо сабаби пандемия дар Душанбе набуд, вале барои сайругашт дар қитъаи хиёбони Рӯдакии Душанбе ва гулгаште аз назди кинотеатри “Ватан” то бинои парлумони Тоҷикистон дилаш танг мешавад: “Он ҷо чеҳраҳои саршинос гаштугузор мекунанду макони маъмулии мулоқоту сӯҳбатҳояшон аст”,-- мегӯяд ӯ.

ҲАМКОРОНУ ҲУНАРМАНДОН ДАР БОРАИ ШАҲИДӢ

Раҳбари Театри Мариинский дар Санкт-Петербург Валерий Гергиев, ки аз солҳои пеш эҷодиёти Толиб Шаҳидиро дар саҳна гузоштааст, соли 2014 чунин навиштааст: "…Хоҳиши зиёди иҷро кардани асарҳои оҳангсозони замонавиро дорам ва маро имконияти чунин ҳамкорӣ бо Толиб Шаҳидӣ бисёр шод мекунад. Қадами баъдӣ бояд иҷрои асарҳояш дар консерту назди тамошобини зинда бошад. Тоҷикон таърихи қадимаву тӯлонӣ доранд. Тоҷикону осетинҳоро аз гузашта решаҳои муштарак муттаҳид мекунад. Аз ин хотир, мусиқии Толиб Шаҳидӣ ба ман бисёр наздик аст ва ин ҳам ба он хотир, ки ман дар бораи таъриху фарҳанги мардуми худ маълумот дорам”.

Толиб Шаҳидӣ
Толиб Шаҳидӣ

Пианинанавози рус Алексей Сканави дар толори Калони консерваторияи Маскав чанд сол пеш ҳамроҳ бо оркестри маъруфи давлатии Русия таҳти раҳбарии Сергей Скрипка консерти сеюми Толиб Шаҳидӣ барои фортепияноро иҷро кардааст. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз Маскав ӯ гуфт: “Дар баробари зебоии мусиқӣ ва донишҳои амиқи имконияти фанниву садоии фортепияно, мусиқии ин консерт омезиши аҷиби шеваи академии аврупоӣ ва таъсири мусиқии шарқӣ, пеш аз ҳама оҳанги форсиву ҳиндиро ба намоиш гузошт. Толиб Шаҳидӣ “қолабҳои мусиқии шарқӣ”-ро шикаст, ки то ин замон аз қарни 19 ба ин сӯ дар зеҳни мусиқии аврупоӣ ҳоким буд”.

Хибла Герзмава, операсарои маъруф ва Щунарпешаи мардумии Русия, ки эҷодиёти Шаҳидиро иҷро кардааст, дар паёме ба муносибати зодрӯзи Толиб Шаҳидӣ ба Радиои Озодӣ навишт: “Толиб Шаҳидиро аз таҳти дил табрик мекунам… Хотираҳои гарму зебое аз ҳунарнамоии муштаракамон дорам”.

Шогирди Толиб Шаҳидӣ - Алишер Латифзода, ки баъди тарки Душанбе дар Ню-Йорк муқимӣ шуда, як узви Созмони оҳангсозони ИМА мебошад, мегӯяд, “ҳамкории 30-сола бо Шаҳидӣ зиндагиамро пурранг кард”, “бисёр чизҳоро ёд дод” ва дар Тоҷикистон, ба андешаи Латифзода, бояд бештар ба эҷодиёти ӯ арҷ гузоранд.

Ӯ гуфт: “Он кас як улгуи мусиқии ман ҳастанд. Ҳар ҳунарнамоии он касро дар оркестр, мисле ки “фурӯ мебурдам”, рангорангии мусиқии оркестрро меомӯхтам”.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон бояд ба шахсияи Толиб Шаҳидӣ ва эҷодиёти ӯ бештар арҷ гузоранд ва ҷашнвораи эҷодиёти ӯро баргузор кунанд, то ки на фақат шунавандаи хориҷӣ, балки маҳаллӣ ҳам бо осори ӯ аз наздик ва беҳтар ошно шавад.

КОМПОЗИТОРИ СОҲИБМАКТАБ ВА НАВОВАР

Амирбеки Мӯсо, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон вижагии ҳунарии Толиб Шаҳидиро дар он мебинад, ки “ҳамчун композитор дар тамоми жанрҳои мусиқии касбӣ асар эҷод намудаанд. Масалан, аз жанри хурд барои фортепиано, асарҳо барои кланет, скрипка, флейта сар карда то барои оркестри камеравӣ, эстрадиву симфонӣ ва симфонӣ асарҳои мӯҳташам эҷод кардааст”.

Ӯ мегӯяд, балети “Спитамен”, “Марги судхӯр”, филм-балети “Хайёмнома”, операи “Амир Исмоил”, операҳои бачагонаи “Бинии котула”, “Ҳифзкунандаи оташ”, “Халиф Лаклак”, “Зани зебо ва гул” ҳамасола дар саҳнаи театри операву балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.

Амирбеки Мӯсо Шаҳидиро дар ҳунари оҳангсози миллӣ як “ихтироъкор” ва “навовар” номид, ки равияҳои мусиқии замонавиро бо мусиқии миллӣ синтез ё омехта кард ва жанрҳои навини мусиқии муосир эҷод шуд.

Камолиддин Сайфиддинов, раиси Театри операву балети ба номи С. Айнӣ гуфт, эҷодиёти Шаҳидӣ “ҳамаҷониба аст: ӯ ҳам як хирадманд асту ҳам як шахси фаъол ва баробар бо ин як хаёлпарвар. Ӯ як ҳокими мусиқӣ аст, ки бо нирӯи тасаввур ва хаёлаш қодир ба эҷоди майдони муҳорибаҳои шадид (операи “Амир Исмоил”) ва қиссаи ишқу зебоӣ (операи “Зани зебо ва гул”) мебошад. Ман хушбахтам, ки се насли Шаҳидӣ – Зиёдуллло, Толиб ва Табризро бишиносам ва онҳоро як авлоди бисёр боистеъдод ва рӯшанфикр дарёфтам”.

XS
SM
MD
LG