Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина дигарбора хостори кумаки зудтар аз Ғарб шуд


Ukraine Caesar GRAB
Ukraine Caesar GRAB

Украина дигарбора аз кишварҳои ғарбӣ тақозо кард, ки барои муқовимат ба неруҳои Русия ҳарчӣ зудтар ба Киев аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ бидиҳанд. Айни замон неруҳои Русия ҳамлаҳо дар шарқи Украинаро зиёдтар кардаанд.

Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский рӯзи 10-уми июн дар муроҷиати шабонаи видеоиаш гуфт: “Неруҳои Украина ҳама корро мекунанд ва то дар тавонашон ҳаст, ҳамлаҳоро рафъ кунанд. То замоне, ки аслиҳаи кофӣ, тӯпхонаҳои муосир дошта бошанд, ки мо аз шариконамон хостем ва ҳамчунон мехоҳем.” Зеленский афзуд, “ҷангҳои бисёр душвор” идома доранд ва аз ҷумла дар минтақаи шарқии Донбас, ки неруҳои Русия барои ишғоли он тамаркуз кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Русия мехоҳад, ҳар шаҳреро, ки дар Донбас ҳаст, нобуд кунад. Владимир Зеленский гуфт: “Ман муболиға намекунам, тамоми шаҳрҳоро, мисли Волноваха, мисли Мариупол. Тамоми ин вайронаҳо замоне шаҳрҳои хушҳоле буданд. Осори сиёҳи оташсӯзӣ, танураҳои таркишҳо осорест, ки Русия фақат метавонад ба ҳамсояҳояш, ба Аврупо ва ба тамоми ҷаҳон бидиҳад.”

Ҷангҳои сахте айни замон дар атрофи шаҳри саноатии Севердонетск идома дорад. Вазорати дифои Бритониё дар хабарномаи ҳаррӯзааш дар бораи ҷанг рӯзи 11-уми июн гуфт, ки неруҳои Русия дар ҷануби ин шаҳр пешравие надоштаанд. Дар ин хабарнома, ки дар Твиттер нашр шуд, омадааст: “Ҷангҳои сахти кӯчагӣ идома доранд, зоҳиран аз ҳарду тараф талафот зиёд аст.“

Ба гуфтаи вазорати дифои Бритониё, ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ғолибан мушакҳои солҳои 1960 истифода мекунанд, ки барои маҳви киштиҳои дорои бомбҳои атомӣ пешбинӣ шудаанд. Ба гуфтаи Бритониё, неруҳои Русия ин мушакҳоро барои маҳви ҳадафҳои заминӣ дар Украина ба кор мебаранд. Ба иддаои ин кишвар, шояд захираи аслиҳаи ҳадафрас ва муосири Русия тамом мешавад, ки аз аслиҳаи пешина истифода мебарад.

Мақомоти Украина мегӯянд, дар ҷанг дар шарқи кишвар аксаран тӯпхонаҳо истифода мешаванд, ки Украина дар муқоиса ба Русия бисёр кам дорад. Вадим Скибитски, муовини сардори Хадамоти иттилооти вазорати дифои Украина ба нашрияи Гордиан гуфтааст: “Ҳоло ин ҷанги тӯпхонаӣ аст. Ҳама чиз ҳоло ба он вобаста аст, ки Ғарб ба мо чӣ медиҳад. Украина дар баробари ҳар 10 то 15 тӯпхонаи Русия фақат як тӯпхона дорад.”

Олмон, ки пас аз таҷовузи Русия дар Украина бештар аз ҳама ба Киев аслиҳа додааст, барои худдорӣ аз фиристодани аслиҳаи вазнин мавриди танқид қарор гирифтааст. Рӯзномаи олмонии “Шпигел” рӯзи 10-уми июн навишт, ҳоло кишвар қасд дорад, меъёрҳои фурӯши аслиҳаро тағйир дода аз ҷумла содироти аслиҳаи вазнин ба кишварҳои демократӣ ба мисли Украинаро иҷоза бидиҳад.

Мақомоти Украина ҳамчунин хостори кумакҳои башарӣ барои мубориза бо бемории исҳол ва вабо дар шаҳри Мариупол шуданд, ки ба харобазоре табдил ёфтааст. Вадим Бойченко, раиси шаҳр ба телевизиони давлатии Украина гуфт, ки системаи обёрии шаҳр вайрон аст ва ҷасадҳо дар кӯчаҳо мепӯсанд.

Лойд Остин, вазири дифои Амрико рӯзи 11-уми июн ба аҳди кишвараш барои кумак ба минтақа таъкид кард. Ӯ дар як нишасти амнияти Осиё дар Сингапур гуфт: “Ҳуҷуми Русия ба Украина замоне иттифоқ меафтад, ки саркӯбгарон қонунеро, ки ҳамаи моро муҳофизат мекунад, зери по бигузоранд. Ин пешнамоиш аз дунёи эҳтимолии харҷу марҷ ва ошуфтагӣ аст, ки ҳеч яке аз мо намехоҳем дар он зиндагӣ кунем.”

XS
SM
MD
LG