Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг барои Северодонетск тақдири Донбасро ҳал мекунад?


Дар шаҳри Северодонетски Украина бархӯрдҳои вазнин идома доранд.

Нерӯҳои Русия сарбозони украиниро аз маркази шаҳр берун кардаанд.

Президенти Украина Владимир Зеленский мегӯяд, ин набард сарнавишти Донбасро ҳал мекунад.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу мегӯяд, музокироташ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, пурсамар буд.

Ду ҷониб танзими содироти гандуми Украинаро тавассути бандарҳои Баҳри Сиёҳ ба бозорҳои ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.

Иттиҳоди Аврупо Русияро бо монеагузории содироти гандуми Украина муттаҳам мекунад. Вале Лавров Украинаро масъули вазъи кунунӣ номид.

Президенти Русия Владимир Путин иброз доштааст, ки ҳар гуна эҳёи содироти гандум бо рафъи таҳрими байналмилалии Русия марбут хоҳад буд. Кишварҳои ғарбӣ ин пешниҳордро қабул надоранд.

XS
SM
MD
LG