Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи 194 кор барои занони тоҷик. Чаро СММ норозӣ аст? ВИДЕО


Ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занонро камтар кардааст. Агар то ин вақт 334 намуд кор барои занон манъ буд, пас ҳоло ин шумора то 194 кам шудааст.

Бар асоси ин феҳраст, занон ҳаққи кор дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканиро надоранд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла Созмони Милал вуҷуди ин рӯйхатро нақзи ҳуқуқи занон гуфта, борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки онро бекор кунад.

Мероси Шӯравӣ

Рӯйхати нави корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст, 30 декабри соли 2023 тасдиқ шуда, Радиои Озодӣ 23-юми январ бо он шинос шуд.

Бар асоси рӯйхати нав, занон ҳақ надоранд ба ҳайси харрот, пармагар, заминкоб-нақбкан, куҳкан, устои бомбпӯш, наҷҷор, челонгари барқӣ ва даҳҳо касби дигар кор кунанд.

Барои кори занон дар ин бахшҳо, корфармо муҷозот мешавад. Акобир Қурбонов, як масъули Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар шарҳи ин қарор гуфт, корҳое, ки барои занон манъ шудааст, хатарноканд ва барои саломатии ин қишр ҷомеа зарар доранд.

Дар Тоҷикистон 194 намуд кори вазнин барои занон манъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:45 0:00

Рӯйхати корҳои “мамнуъ” барои занон мероси давраи Шӯравист ва ба ҷуз Тоҷикистон дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам амал мекунад. Чунин тартиб норозигии ҳомиёни ҳуқуқ аз ҷумла Созмони Милалро ба миён овардааст.

Кумитаи маҳви табъиз ва хушунат ба зидди занони СММ борҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон талаб кардааст, ки рӯйхати корҳои манъшуда барои занонро бекор созанд.

Чаро рӯйхат ҳуқуқи занонро поймол мекунад?

Маҳпора Киромова, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯи кори занонро дар Тоҷикистон таҳқиқ кардааст мегӯяд, талаби СММ ин аст, ки рӯйхати корҳои вазнин ва хатарнок на бо такя ба ҷинсият, балки бо такя ба имкониятҳои ҷисмонии шахсон тартиб дода шавад.

“Агар ба ин руйхат назар кунед, мебинед ки дар он номгӯи корҳое гирдоварӣ шудааст, ки барои бонувон воқеан душвор аст. Масалан коркарди метал ё истеҳсоли маводи кимиёвӣ. Аммо ҳар чизе, ки ба саломатии зан зарар дорад, албатта ба саломатии мард ҳам зарар дорад. Яъне СММ аз мо хоҳиш мекунад, ки аз нигоҳи ҷинсият ин мавзуъро баррасӣ накунед, аз рӯи имкониятҳои ҷисмонӣ баррасӣ намоед,”-афзуд, рӯзноманигори тоҷик.

Мақомоти Тоҷикистон рӯйхати корҳои манъшуда барои занонро кам карда, аммо барои бекор кардани он саросема нестанд.

Акобир Қурбонов, як масъули Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, барои комилан бекор кардани рӯйхати корҳои манъшуда ҳоло “барвақт” аст. “Мо тарафдори он ҳастем, ки ин рӯйхат набошад. Аммо мутаасифона шароитҳое ҳаст, ки дар онҷо кор кардани занон зараровар аст. Агар шароити меҳнат беҳтар шавад, ин рӯйхат дар оянда аз байн меравад.”

“Агар занон маҷбур шаванд...”

Бештар аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Сокинон мегӯянд, зиндагии вазнин гоҳо занонро маҷбур мекунанд, ки корҳои вазнинро ҳам иҷро кунанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар хиёбонҳои Душанбе мегӯяд, “барои хӯрондани оила зан ба кори душворр нигоҳ накарда кор карда истодааст.”

Ҳамсуҳбати дигари мо мегӯяд, духтараш барои таъмини панҷ фарзанди ноболиғ маҷбур аст, ки ҳам дар идораи поксозии роҳҳо кор кунад ва ҳам дар интернат. "То корҳои ҳархела кардан, азоб ҳам кашад барои пайдо кардани нони ҳалол кор мекунад,"-гуфт ин зан.

Ҳомиёни ҳуқуқ солҳост, ки аз хушунат ва табъиз нисбати занон дар Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла аз ҳамин рӯйхати корҳои манъшуда барои занон ҳам интиқод шудааст. Мақомот на ҳама танқидҳоро қабул доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG