Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: аксарият дар Тоҷикистон ба тавоноии занон бовар надоранд. ВИДЕО


Таҳмина Баҳронова, раҳбари ширкати “Атлас такси”
Таҳмина Баҳронова, раҳбари ширкати “Атлас такси”

Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони милал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд. Бинобар хулосаи ин назарсанҷӣ беш аз 83 дарсади пурсидашудаҳо дар 60 кишвари ҷаҳон нисбат ба занон қазоватҳои ғалат доштаанд. Аз ҷумла 99 дар сад дар Тоҷикистон гуфтаанд ба нерӯ ва тавоноии занон боварӣ надоранд. Нисфи пурсидашудаҳо бар ин будаанд, ки мардон ҳамчун раҳбар дар сиёсат ва тиҷорат назар ба занон муваффақтаранд. Аммо сокинону мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба хулосаҳои ин пашӯҳиш чандон мувофиқ нестанд ва назарҳои гуногун доранд.

Таҳмина Баҳронова
Таҳмина Баҳронова

Таҳмина Баҳронова чор сол аст ширкатеро раҳбарӣ мекунад, ки 200 кормандаш мард ҳастанд. Ширкати "Атлас таксӣ" ба мусофиркашонӣ машғул аст. Баҳронова мегӯяд, ӯ талош кард баъзе қолабҳоро дар ҷомеа шиканад.

"Мардҳо аз хурдӣ одат кардаанд, ки занро дар хона бинанд, дар тозагии хона, тарбияи фарзанд, дар ошхона. Барои ҳамин тасаввур кардани зан ҳамчун роҳбар баъзан дар зеҳнашон намеғунҷад. Вале ронандаҳое, ки бо ман кор мекунанд, ронандаҳо хурсанд ҳастанд, ки роҳбарашон зан аст”-илова кард ӯ.

Баҳронова ин ақидаро, ки намешавад ба нерӯ ва тавоноии занон бовар кард, қабул надорад. Раҳбари ширкати “Атлас таксӣ” бовар дорад занон кори раҳбариро ҷиддитар аз мардон иҷро мекунанд. “Аз занҳо ҳаросидан даркор нест, зан метавонад ва аз уҳдаи ҳамаи кор барояд. Ба зан бовар кардан даркор, дастгирии мардон ба занони роҳбар бисёр як чизи муҳим мебошад. Зан корашро дар сатҳи аъло анҷом медиҳад”.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Занони тоҷик магар дар сиёсат аз мардон заифтаранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Аммо дар ҷомеа на ҳама ба андешаҳои қаҳрамони гузориши мо мувофиқанд. Як пажӯҳиши нави Созмони миллал маълум кардааст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мардум ба тавонмандиҳои занон чандон бовар надоранд.

Занон наздик ба 50 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ба натиҷаҳои ин пажуҳиш розӣ нестанд ва мегӯянд занон дар тамоми бахшҳо саҳми назаррас доранд. Масъулини Кумитаи кор бо занон таъкид мекунанд, ки 20 дарсади курсиҳои раҳбарикунанда дар ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистонро занон ишғол кардаанд ва 25 дарсад дар вазифаҳои хизмати давлатӣ кор мекунанд.

Сабоҳат Маҳмадалиева
Сабоҳат Маҳмадалиева

Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, занон 28 дарсади теъдоди умумии намояндагони порлумони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

“Занон бештар дар бахши маорифу тандурустӣ ҷалб гардидаанд. Дар соҳаи фарҳанг ва бонкдорӣ 39 дарсад занон кор мекунанд. Дар соҳаи алоқа 20 дарсад. Мавқеи занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ низ назаррас мебошад, ки баробари мардон адои вазифа карда истодаанд”-гуфт Маҳмадалиева.

Сокинон ба натиҷаи таҳқиқот дар бораи тавонмандиҳои зани тоҷик назари яксон надоранд:

  • Агар зани доно бошад, табиист, ки метавонад! Одатан нафароне, ки савод надоранд чунин фикр мекунанд, ки зан тавоноӣ надорад. Аммо айни замон, дар пойтахт ва дар умум дар Тоҷикистони мо занҳои ӯҳдабаро зиёданд. Бисёр корхонаву муассисаҳо раҳбарашон зан аст.
  • Арзишҳои ҳар зан ҳархел аст. Масалан як нафаре бошад, ки худашро ба кор пурра диҳад, муваффақ мешавад, аммо агар дар фикри оила бошад, наметавонад. Баъзеҳо инро қабул надоранд.
  • Дар сатҳи роҳбарӣ занҳои зиёд ҳастанд. Корхонаи давлатиро ҳам роҳбарӣ мекунанд, ба сатҳи вазирӣ ҳастанд, раиси ноҳия ҳам мебошанд.
як гуруҳ занони тоҷик дар саҳро
як гуруҳ занони тоҷик дар саҳро

Аксари ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, дар сатҳи хонавода, хусусан дар музофот мардсолорӣ пуштибонӣ мешавад, вале дар пойтахт нигоҳ ба тавонмандиҳои занон хубтар аст. Дар ҳукумати феълии Тоҷикистон ду вазир-вазири меҳнат ва вазири фарҳанг зан мебошанд. Як муовини нахуствазир ҳам одатан аз ҳисоби хонумҳо таин мешавад. Аз дигар заноне, ки дар Тоҷикистон соҳиби мансабҳои баландтар ҳастанд – Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва духтари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Рухшона Эмомалӣ, духтари дигари президент сафири Тоҷикистон дар Бритониё мебошад. Соли 2013 Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сӯи Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ба курсии президентӣ пешниҳод шуд, аммо ба гуфтаи мақомот натавонист имзои заруриро барои сабтином ҷамъ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG