Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои сахт дар Северодонетск идома доранд


Сарбози украинӣ дар шаҳри Северодонетск
Сарбози украинӣ дар шаҳри Северодонетск

Дар шаҳри Северодонетск, ки неруҳои Украина фақат сеяки онро дар даст доранд, ҷангзои сахт идома дорад, ҳарчанд Русия неру ва аслиҳаи зиёдеро ба онҷо сафарбар кардааст.

Аз тарафи дигар дар шаҳри ишғолшудаи Мариуполи хатари хуруҷи бемории вабо зиёд шудааст. Мақомоти Украина дигарбора хостори интиқоли зуди аслиҳаи пешрафтаи ғарбӣ шуданд, то ба тӯпхонаҳои зиёди Русия дар шарқи кишвар муқовимат кунанд.

Онҳо мегӯянд, ки рӯзона садҳо сарбози украинӣ дар ҷангҳои сахт куштаву маҷруҳ мешаванд. Олексий Данилов, дабири Шӯрои амнияти миллии Украина рӯзи 9-уми июн гуфт, ки авзоъ дар Севердонетск “фавқуллода мураккаб” аст ва неруҳои Русия тамоми қудрати худро ба инҷо равона кардаанд.

Ӯ ба хабаргузории Ройтерс гуфтааст: “Онҳо ба мардуми худашон раҳм намекунанд, мардонро мисли тири тӯпхона мефиристанд, артиши моро шабонарӯз бомборон мекунанд.” Александр Стрюк, сардори идораи низомии Северодонетск рӯзи 9-уми июн гуфтааст, ки “ҷангҳои беист дар кӯчаҳо” идома дорад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ки аз вилояти Запорожйе дар ҷанубушарқи кишвар неруҳои Украина ҳуҷумҳои Русия барои ишғоли тамоми ин минтақаро рафъ кардаанд. Аммо дастёри ӯ Михайло Подоляк гуфтааст, бинобар қудрати зиёди тӯпхонаҳои сангини Русия, рӯзона аз 100 то 200 сарбози украинӣ дар ҷабҳа ҳалок мешаванд.

XS
SM
MD
LG