Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: "Баргардонӣ ва тақвияти ҳудудҳо рӯи шонаҳои мо уфтод"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи панҷшанбеи 9--уми июн дар мулоқот бо соҳибкорони ҷавони кишвараш гуфт, императори Русия Пётр I ҳангоми Ҷанги шимолӣ солҳои 1700-1721 ҳудудҳои Шветсияро савдо накардааст, балки онҳоро "баргардонд" ва "тақвият бахшид". Путин дар идома афзуд, "баргардонӣ ва тақвиятбахшӣ низ рӯи шонаҳои мо уфтод".

Президенти Русия гуфт, дар ҳудудҳое, ки аз сӯи Петри I ғасб шуда буданд, дар канори финҳову угорҳо славянҳо низ зиндагӣ мекарданд. Ин заминҳо, ба гуфтаи Путин, "ҳамеша таҳди назорати давлати Русия буданд".

Вай ҳамзамон аз шаҳри Санкт-Петербург ёд овард, ки аз сӯи императори аввалини Русия дар соли 1703 асос гузошта шуда буд. Путин гуфт, дар ибтидо кишварҳои Аврупо ин ҳудудҳоро ҳамчун ҳудуди Русия эътироф намекарданд.

Пештар аз ин намояндагони вилоятҳои Херсон ва Запорожеи Украина, ки аз сӯи Русия таъйин шуданд, хабар доданд, барои пайвастан ба Русия раъйпурсӣ ташкил хоҳанд кард. Баъди ҳамлае, ки 24 феврал шуруъ шуд, Русия аз нисф бештари ҳудуди вилояти Херсон ва қисмати бештари вилояти Запорожеи Украина таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG