Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳбари ҳизби сабтношуда дар Қазоқистон гуфт, ки ба чӣ муттаҳам шудааст


Жанболат Мамай
Жанболат Мамай

Жанболат Мамай, роҳбари ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон дар ду ҷиноят айбдор шуд. Дар ин бора ҳамсараш, Инга Имонбой, хабар дод.

Ба ин тартиб, Мамай дар ташкили "бетартибиҳои оммавӣ" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳангоми ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон айбдор шудааст.

Ӯро дар ташкили бетартибӣ дар рӯзи 4-уми январи соли 2022, ки дар майдони назди маҷмаи "Алмато арена" бо иштироки ҳазорон одам баргузор шуд, низ айбдор карданд.

"Гуиё ман онҷо ба ислоҳоти сиёсӣ ва ҳаракат ба сӯи майдони Ҷумҳурӣ даъват карда бошам. Нахуст, суханронии комили ман дар майдони назди "Алмато арена" маҳфуз аст, ки ман рафтан ба ҳеч куҷоеро даъват накардаам. Баръакс, ҳамаро даъват кардам, ки дар ҷойҳои худ истанд ва чизеро нашикананд ва бо пулис даргир нашаванд. Гузашта аз ин, чанд дақиқа баъд ҳамроҳи чанд нафари дигар аз сӯи пулис боздошт шудам. Ман наметавонистам, ки одамонро ба майдони дигар барам", - омадааст дар номаи Мамай, ки ҳамсараш онро нашр кард.

Айбномаи паҳнсозии иттилои бардурӯғ, ба гуфтаи тафтишот, аз он ҷо бармеояд, ки Мамай рӯзи 4-уми январ гуфтааст, "дар Жанаозен 10 ҳазор эътирозгар ҷамъ шуд". Мамай мегӯяд, ин иттилоъро аз расонаҳо дастрас карда буд.

Роҳбари ҳизби сабтношуда бар ин бовар аст, ки айбномаҳои нав ангезаи сиёсӣ доранд.

Жанболат Мамайи 33-сола аз 25-уми феврал ба ин тараф дар ҳабс аст. Ибтидо ӯро бо гуноҳи вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо барои 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтанд. Дертар, бидуни аз ҳабси маъмурӣ озод шудан, ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Вай пештар дар "таҳқири намояндаи давлат" ва "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" гумонбар мешуд.

Чанд созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон озодии Мамайро талаб карданд.

XS
SM
MD
LG