Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мошин дар Берлин одамонро пахш кард. Чанд кас куштаву захмӣ шуд


Берлин, 8-уми июни 2022
Берлин, 8-уми июни 2022

Дар шаҳри Берлини Олмон як мошин издиҳоми одамонро пахш кардааст. Дар натиҷа, як кас куштаву ҳашт тани дигар маҷруҳ шуданд.

Ҳодиса дар кӯчаи Ранкештрасси ноҳияи Шарлоттенбурги Берлин рух дод, ки серодам аст. Бино ба баҳогузориҳои гуногун, аз 8 то 30 кас ҷароҳат бардоштааст.

Пулиси Берлин барқасдона будани ҳодисаро рад намекунад. Ронандаи мошин боздошт шудааст. То кунун маълум нест, ки вай ба чӣ далел мошинро ба тарафи мардум рондааст.

Дар ҳамин кӯча охири соли 2016 ҳамла рух дода буд. Он замон як мошини боркаш издиҳоми одамонро пахш кард. Дар натиҷа 12 кас кушта ва 50 тани дигар маҷруҳ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG