Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, барои поккории бандари Одесса аз мина ёрӣ мекунад


Бандари Одесса
Бандари Одесса

Мақомоти Туркия ба хотири ба роҳ мондани содироти ғаллаи Украина пешниҳод доранд, баромад аз бандари Одессаро аз минаҳо пок кунанд.

Ба иттилои расонаҳо, Туркия бо ҷониби Русия созиши пешакӣ ҳосил кардааст ва умед дорад, СММ низ аз ин созиш пуштибонӣ мекунад. Хабаргузории Bloomberg навишт, Украина аз ин нақша ҳимоят намекунад, зеро дар сурати аз минаҳо пок кардан бандари Одесса бе ҳимоят мемонад ва Русия метавонад, ҳамла кунад.

Масъалаи аз минаҳо пок кардани бандарҳои Украинаро рӯзи душанбе вазирони мудофиаи Украинаву Туркия баррасӣ карданд.

Владимир Путин, президенти Русия ахиран гуфт, буҳрони бозори ғизоӣ ба далели ҳамлаи Русия ба Украина сар назадааст, балки динамикаи манфӣ пеш аз ҷанг падид омада буд.

Русияву Украина дар панҷгонаи бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ғалла шомил мешаванд. Баъди шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина қимати маҳсулоти ғизоӣ якбора боло рафт.

Болоравии қимати гандум ва сӯзишворӣ ба нархи маҳсулоти дигари ғизоӣ таъсир расонд. Антонир Гутерреш, дабири кулли СММ дар моҳи май гуфт, дар пайи ҷанг марг бар асари гуруснагӣ ба 49 миллион сокин аз 43 кишвари дунё таҳдид мекунад.

Созмони Милал аз Русия даъват кард, ки ба содироти гандум иҷозат диҳад. Ин мавзуъ дар суҳбати Путин бо президенти Фаронса, садри аъзами Олмон ва президенти Туркия низ баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG