Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаторҳои мусофирбар байни Узбекистону Русия ба гардиш медароянд


Русия аз 14-уми июн манъи вуруди узбекистониҳоро тариқи қатор ё поезд бекор мекунад. Чунин тасмимро ситоди пешгирӣ аз вуруди вабои коронавирус ба Русия қабул кардааст, хабар медиҳад сомонаи ҳукумати Русия.

"Тасмим гирифта шуд, ки аз 14-уми июн гардиши қаторҳо дар масири Тошканд-Самара ва Тошканд-Волгоград ҳафтае як маротиба ба роҳ монда шавад",- омадааст дар хабар.

Ҳамзамон Русия аз 14-уми июн маҳдудиятҳои марбут ба паҳншавии вабои коронавирусро барои вуруди ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ бекор мекунад, ки тавассути ҳавопаймо, қатора ё роҳҳои обӣ ворид мешаванд. Маҳдудиятҳо моҳи марти соли 2020 ҷорӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG