Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин таҳдиди зарба ба иншоотеро кард, ки то кунун аз он худдорӣ мешуд


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, гуфт, агар ба Украина мушакҳои дурпарвоз дода шавад, Русия ба иншооте зарба мезанад, ки то кунун аз ҳамла ба онҳо худдорӣ мекард.

Як пора аз ин суҳбати президенти Русия дар телевизиони "Россия 1" нашр шуд. Ин нахустин мусоҳибаи Путин баъд аз 24-уми феврал - баъди содир кардани фармони ҳамла ба Украина аст.

Путин тасмими Амрикоро дар бораи фиристодани низоми партоби мушакӣ ба Украина шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, чунин ирсолҳо "нав нестанд", зеро артиши Украина аслиҳаи ба ин монандеро дорад, ки дар даврони шӯравӣ истеҳсол шудаанд. Аммо агар ба ин низомҳо мушакҳои дурпарвоз насб шавад, Русия "хулосабарорӣ хоҳад кард". Путин нагуфт, ки дар ин сурат ба кадом иншооти Украина зарба хоҳад зад.

Президенти Русия ҳамчунин гуфт, ки Ғарб ҳадаф дорад бо фиристодани аслиҳа ба Украина низои мусаллаҳонаро дароз кунад.

Иёлоти Муттаҳида ҳафтаи гузашта тасмим гирифт, ки ба Украина низоми мушакии навъи HIMARS фиристад. Дар Амрико шарт гузоштанд, ки низоми мушакии мазкур барои ҳамла ба ҳудуди Русия истифода нашавад.

Фосилаи партоби низоми мушакии HIMARS 80 километрро ташкил медиҳад, аммо дар сурати насби мушакҳои дурпарвоз ин низом метавонад, мушакҳоро ба фосилаи 300-500 километр партоб кунад.

XS
SM
MD
LG