Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳо дар Киев; идомаи ҷанг дар шарқи Украина


Чанд таркиш шаби 4 ба 5-уми июн шаҳри Киев, пойтахти Украинаро такон дод.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев, рӯзи якшанбе дар паёме дар Телеграм гуфт, манотиқи Дарнитский ва Днепровский ҳадаф қарор гирифта, як нафар захмӣ шудааст.

Ба қавли ӯ, "таркиш натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия буд".

Дар ҳамин ҳол, даргирии сахте дар шаҳри Северодонетск дар шарқи Украина ҷараён дорад.

Нерӯҳои украинӣ рӯзи 4-уми июн гуфтанд, баъзе аз бахшҳои шарҳрро, ки зери назорати Русия буд, пас гирифтанд.

Ҷанги Русия дар Украина беш аз сад рӯз боз идома дорад.

XS
SM
MD
LG