Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як моҳ 281 узбекистонӣ визаи Амрикоро гирифтаанд


Сафорати Амрико дар Тошканд дар миёни намояндагиҳои хориҷии ИМА дар моҳи апрели соли равон аз нигоҳи додани раводиди DV (ё грин карта) дар ҷои дувум қарор доштааст.

Дар ин бора дар гузориши департаменти давлатии ИМА гуфта мешавад. Дар давоми як моҳ ба 281 шаҳрванди Узбекистон чунин раводид дода шудааст.

"Мо дастгирии озмуни лотореяи “грин-корт”-ро идома хоҳем дод. Тибқи омори охирини Департаменти давлатӣ дар моҳи апрел, сафорати ИМА дар Тошканд аз рӯи шумораи раводидҳои мазкур барои шаҳрвандони миллатҳои гуногун дар ҷаҳон ҷои дувумро ишғол мекунад", - омадааст дар хабари сафорати ИМА дар Узбекистон.

Сафорати ИМА дар Тошканд дар моҳи апрели соли 2022 дар маҷмуъ беш аз 600 раводиди муҳоҷиратӣ додааст.

XS
SM
MD
LG