Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, нақша "пурра иҷро шуд", вале дар бораи "сарбозшикор" нагуфт


Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории имсола ба хидмат дар артиш "пурра иҷро шудааст", аммо дар бораи "сарбозшикор" ё "облава" чизе нагуфт.

Ба қавли Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, бо оғози маърака нахустин шуда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд шаҳру ноҳияҳои дигар нақшаи даъватро иҷро кардаанд.

"Дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд," -- афзуд ӯ.

Даъвати баҳорӣ дар шароите ба поён мерасад, ки аз оғози мавсим дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояту наворҳои зиёде аз "сарбозшикор" ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба хидмат нашр шуданд. Сокинон шикоят карданд, ки мақомот фарзандони онҳоро дар донишгоҳу ҷойи хоб боздошт карда, ба артиш фиристоданд.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони аз ҳаждаҳсола то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриён афзудааст.

XS
SM
MD
LG