Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсиро гиромӣ доштанд


Ҳудуди сад нафар рӯзи 31-уми май дар назди тандиси ёдгорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон гирди ҳам омада, хотираи қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва гуруснагии солҳои 1931-1933-ро гиромӣ доштанд.

Дар гирдиҳамоӣ шаҳрдори Алмато Ерболат Досаев, таърихнигорони машҳур, донишмандон, фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.

Таърихнигор Хангелдӣ Абжанов қайд кард, ки омӯзиши таърихи Қазоқистон то ҳол ба монеаҳо дучор мешавад.

"Бо вуҷуди он, ки соли 1993 қонун "Дар бораи бегуноҳии қурбониёни таъқибҳои оммавии сиёсӣ" қабул шуда буд, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ то ҳол махфӣ ҳастанд. Бе ин мо наметавонем дар бораи таъқибҳои сиёсӣ сухан ронем. Тоталитаризм то ҳол идома дорад", - гуфт Абжанов.

Ҳамасола 31 май дар Қазоқистон Рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсӣ ва гуруснагии солҳои 1931-1933 баргузор мешавад.

Фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ мегӯянд, дар Қазоқистони муосир низ таъқиби сокинон бо ангезаҳои сиёсӣ идома дорад. Шаҳрвандоне, ки мақомотро танқид мекунанд боздошт ва ҳабс мешаванд. Мақомот ҷо доштани таъқибҳо ва мавҷудияти маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Аз соли 1928 то 1938 дар Қазоқистон дар натиҷаи гуруснагӣ ва таъқибҳои сиёсӣ аз 1,3 то 1,5 миллион кас қурбон шудааст.

XS
SM
MD
LG