Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский раиси амнияти Харковро аз мансаб барканор кард


29 май, Харков. Президенти Украина Владимир Зеленский мавқеъҳои артишро месанҷад
29 май, Харков. Президенти Украина Владимир Зеленский мавқеъҳои артишро месанҷад

Президенти Украина Владимир Зеленский раиси хадамоти амнияти Харковро "барои беамалиаш ҳангоми мудофеаи шаҳр" баъд аз шурӯи ҷанги беасоси Русия дар таърихи 24-уми феврал гунаҳкор кард ва аз кор озод намуд.

Зеленский дар як муроҷиати телевизиониаш рӯзи 29-уми май гуфт, амалҳои раиси амниятро мақомоти тафтишотӣ баҳо медиҳанд ва айни замон аз, ба гуфтааш, "ҳамкории садфоизаи артиш, полис, шаҳрдориву маъмурияти минтақавии Харков" ситоиш кард.

Ӯ гуфт, ҳамаи онҳо барои ғалаба кор карданд, вале, "мутаассифона, мо дар бораи раҳбарияти Хадамоти амнияти Украина чунин гуфта наметавонем."

Зеленский ин суханҳоро чанд соат баъди боздид аз Харков баён кард. Русия ба бомбаборони ин дуюмин кадонтарин шаҳри Украина идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG