Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехия ва Лаҳистон барои артиши Украина кӯмаки иловагӣ ирсол мекунанд


Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба Украина аслиҳаи иловагӣ ирсол мекунанд. Артиши Украина талош дорад, ҳамлаи артиши Русияро ба шарқи Украина пас гардонад.

Яна Чернохова, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Чех рӯзи 29 май хабар дод, ки Прага қасд дорад, дар фурсатҳои наздик ба Киев дар ҳаҷми то 30 миллион доллар аслиҳа ирсол кунад. "Хеле муҳим аст, ки кӯмак доимӣ бошад", - гуфт вазир. Ҷумҳурии Чех аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар ҳаҷми бештар аз 150 миллион доллар ба Украина аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ирсол кардааст.

Лаҳистон ба Украина 18 мошини зиреҳпӯши тирандози навъи Krab ирсол мекунад, хабар доданд расонаҳо рӯзи якшанбе бо такя ба манобеи худ дар вазорати мудофиаи Лаҳистон.

Дар робита ба ҳамлаи Русия ба артиши Украина бисёре аз кишварҳои ғарбӣ бо ёрии ИМА ва Бритониё кӯмак мерасонанд.

Ҳамзамон рӯзи 29--уми май хабар расид, ки ҳукумати Олмон ба Украина дар ҳаҷми 1 миллион евро кӯмак мерасонад.

XS
SM
MD
LG