Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссари олии СММ аз Чин бо чӣ баргашт?


Акси Мишел Бачелет ва Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин
Акси Мишел Бачелет ва Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин

Комиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар рӯзи 28-уми май сафари шашрӯзаашро ба Чин поён бахшид.

Мишел Бачелет гуфт, аз Пекин хостааст, сиёсатҳоеро, ки метавонанд ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба ҳуқуқи уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон таъсири манфӣ расонанд, бозбинӣ кунад.

Рафтори Мишел Бачелет баҳсҳои атрофи сафари ӯро шиддат бахшид.

Мақомоти Амрико ва созмонҳои ҳуқуқи башар изҳори нигаронӣ карданд, ки акси Комиссари олии СММ бо мақомоти чинӣ кӯшиши ба ҷавобгарӣ кашидани Пекинро барои дар боздошт нигоҳ доштани беш аз 1 миллион уйғур камранг хоҳад кард.

Дафтари Бачелет соли гузашта мақомоти Чинро ба боздошти ғайриқонунӣ ва бадрафторӣ ба уйғурҳо дар Шинҷон ва истифода аз онҳо барои кори иҷборӣ муттаҳам карда буд.

Бачелет 28-уми май дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳарчанд ба Чин рафт, ҳадафи сафараш таҳқиқи қазияи уйғурҳо набуд.

Ин сафари аввалини Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи башар аз соли 2005 ба Чин буд.

XS
SM
MD
LG