Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Реал" "Ливерпул"-ро шикаст дод ва барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА шуд


Бошгоҳи "Реал Мадрид"-и Испания, ки дар бозии ниҳоӣ тими "Ливерпул"-и Англияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, барандаи Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2021/22 гардид. Бозии ниҳоӣ шаби 28-ум ба 29-уми май дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и Пориси Фаронса, ки дорои 80 000 ҷойгоҳ барои тамошобинон аст, доир гардид.

Голи ягонаро дар дақиқаи 59-ум Винисиус Жуниор ба самар расонид. Дар дақиқаи 45-ум сардовари бозӣ Клеман Тюрпен аз Фаронса бо кӯмаки VAR (video assistant referee) голи бозигари »Реал» Карим Бенземаро, ки аз офсайд ё ҳолати нобозӣ зада шуд, ҳисоб накард.

Бояд гуфт, ки бозӣ ба иллати бетартибиҳо дар назди варзишгоҳ 35 дақиқа дертар шуруъ шуд. Полис муқобили мухлисони бошгоҳи «Ливерпул», ки қасд доштанд ба тамошои бозӣ дароянд, гази ашковар ба кор бурд.

«Реал», ки бори 17-ум ба финали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ ёфтааст, 14 маротиба дар ин мусобиқа ғолиб шудааст. Бори охирин мадридиҳо дар мавсими 2017/18 ин ҷомро ба даст оварда буданд. «Ливерпул» бошад, бори 10-ум ба финал баромад ва шаш маротиба дар ин мусобиқа пирӯз гаштааст.

«Ливерпул» дар нимфинал аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Вилярреал»-и Испанияро бо ҳисоби 2:0 ва 3:2 мағлуб карда, ба финал баромад. «Реал», ки дар нимфинал “Манчестер Сити”-и Англияро аз рӯи натоиҷи ду бозӣ (3:4, 3:1) шикаст дод, ба финали ин мусобиқаи пурнуфуз роҳ пайдо кард.

УЕФА 25-уми феврали имсол эълон карда буд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо дар моҳи май ба далели ҳамлаи Русия ба Украина аз Санкт-Петербург ба Пориси Фаронса интиқол дода мешавад.

Зимнан, соли сеюм аст, ки пайиҳам интиқоли ғайринақшавии бозии ниҳоӣ ба миён омад. Ду мавсими пештара, ки бо коронавирус бастагӣ дошт, шаҳрҳои Лиссабон ва Портуи Португалияро аз финал маҳрум кард.

Порис аз ин пеш панҷ финали мусобиқаҳои сатҳашон олӣ, аз ҷумла финали аввал дар соли 1956, инчунин дар солҳои 1975 ва 1981-ро дар варзишгоҳи “Парк де Пренс” ва дар солҳои 2000 ва 2006-ро дар варзишгоҳи “Стад де Франс” баргузор карда буд.

Барои “Ливерпул” мавсими имсола хеле хуб ҷараён дошт ва бошгоҳи инглисӣ ду ҷом - Ҷоми кишвар ва Ҷоми Лигаро ба даст овард. “Ливерпул” барои пирӯзӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии Англия то охирон мубориза бурд, аммо дар даври ниҳоии Премйер-Лига бошгоҳи «Манчестер Сити» соҳиби Ҷоми қаҳрамонӣ шуд.

Баръакс, “Реал Мадрид” барандаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Испания гардид ва ҳунарнамоии даста дар Лигаи қаҳрамонхо мисли афсона аст. Аз ин рӯ, дар бозии ниҳоӣ ғолибро пешгӯӣ кардан ғайриимкон буд.

Юрген Клопп, сармураббии «Ливерпул», мегӯяд, ки ҳайати феълии даста аз ҳамаи ҳайатҳое, ки ӯ бо онҳо кор кардааст, қавитарин мебошад. Зимнан, ӯ чанд рӯз пеш беҳтарин мураббии Премйер-Лига эътироф шуд.

“Барои ман финал бо «Ливерпул» ба бозии дерби монанд аст, зеро ман як қисми “Эвертон” мемонам», - гуфтааст Карло Анчелотти, сармураббии «Реал Мадрид», дар сайти расмии УЕФА.

Зимнан, барои Анчелотти ин панҷумин финали Лигаи қаҳрамонҳо дар фаъолияти ӯ буд. Вай се бор бурд кардаааст ва рӯзи шанбе тавонист бори чаҳорум пирӯз шавад. Ҳамин тариқ, ин мураббӣ рекорд гузошт — ягон мураббии дигар дар Ҷоми асосии Аврупо ин қадар унвонҳои зиёд надорад.

Боз як далели муҳим ин аст, ки “Реал Мадрид” ҳеҷ гоҳ дар финали Лигаи қаҳрамонҳо мағлуб нашудааст. Ин ҳаштумин финали рекордӣ барои ин бошгоҳ буд, ки аз рӯи ин нишондод аз “Милан” ва Ювентус пеш гузаштааст.

Ғолиби бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо - “Реал Мадрид” - ба ҳаққи ширкат дар бозӣ бо ғолиби Лигаи Аврупо барои Суперҷоми УЕФА мушарраф шуд, инчунин ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими оянда роҳхат гирифт.

Ин бозӣ севумин финали Ҷоми Аврупо/Лигаи қаҳрамонҳо байни “Ливерпул” ва “Реал Мадрид” буд. Соли 1981 дар финали Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо, ки дар Порис, дар варзишгоҳи “Парк де Пренс”, барпо гардид, бошгоҳи Англия бо хисоби 1:0 галаба карда буд. Чаҳор сол пеш, соли 2018, дар Киев, дар варзишгоҳи Маҷмааи миллии варзишии "Олимпӣ", бошгоҳи «Реал Мадрид» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ва, инак, боз испаниҳо ғолиб омаданд.

Финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2021/22

“Ливерпул” (Англия) – “Реал Мадрид” (Испания) – 0:1

Гол: Винисиус Жуниор, 59 (0:1)

”Ливерпул”: Алиссон, ван Дейк, Конате, Робертсон, Александр-Арнолд, Фабиню, Тиагу Алкантара (Кейта, 77), Ҳендерсон (Фирмино, 77), Диас (Диогу Жота, 65), Мане, Салоҳ

”Реал”: Куртуа, Карвахал, Эдер Милитау, Алаба, Менди, Кроос, Модрич (Себалос, 90), Каземиру, Валверде (Камавинга, 85), Бензема, Винисиус Жуниор (Родригу, 90+3)

Огоҳӣ: Фабиню, 62’

Сардовар: Клеман Тюрпен (Фаронса)

28-уми май. Порис (Фаронса). Варзишгоҳи Stade de France (Сен-Дени).

XS
SM
MD
LG