Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина мегӯяд, мумкин аст, неруҳояш аз як шаҳр ақибнишинӣ кунанд


Як мақоми украинӣ гуфт, зоҳиран ба неруҳои кишвараш зарур мешавад, аз шаҳри Северодонетск дар шарқи Украина ақибнишинӣ кунанд, зеро сарбозони Русия ба муҳосираи он наздик мешаванд.

Северодонетск ва Лисичанск ду шаҳре дар шарқи Украина ҳастанд, ки ба неруҳои Русия то ҳол муқовимат кардаанд. Раиси ҷумҳур Владимир Зеленский, вазъ дар вилояти Донбасро “бисёр душвор” хонд. Ӯ дар суханронии шабонаи видеоии худ гуфт: “Неруҳои Русия талошҳои худро дар Донбас мутамарказ кардаанд ва ба ҳадди аксар аз тӯпхонаву мушак ба кор мебаранд ва неруҳои украинӣ бо он имконоте, ки доранд, сарзаминҳои моро муҳофизат мекунанд.

Неруҳои Русия саъй доранд, дар ҷанге, ки се моҳ боз аст, идома дорад, пешравии бештар кунанд ва айни замон бошитоб дар вилояти Луганск ба самти шаҳрҳои Северодонетск ва Лисичанск ҳаракат доранд. Ҳамлаҳои беисту яксараи неруҳои Русия, шаҳри Севердонетскро комилан вайрон карда ва садҳо ғайринизомиро куштааст.

Сергей Гайдай, раиси вилояти Луганск рӯзи 28-уми май гуфт, ки ба тахмини ӯ 10 000 сарбози Русия дар вилоят ҳузур доранд ва қисме аз онҳо дар гӯшаҳое аз шаҳри Северодонетск ҳастанд. Ӯ шаби 27-уми май гуфт, “Ин имкон вуҷуд дорад, ки бо назардошти ба муҳосира наафтодан, неруҳои Украина шаҳҳро тарк кунанд.”

Александ Стрюк, раиси шаҳри Севердонетск гуфт, ки аз замони оғози таҷовузи Русия дар поёни моҳи феврал то кунун 1500 нафар дар ин шаҳр кушта шудаанд. Ба қавли ӯ, дар ин шаҳр, ки қабл аз ҷанг хонаи 100 ҳазор нафар буд, тақрибан 13 ҳазор нафар боқӣ мондаанд ва бақия онро тарк кардаанд.

Ишғоли қисмати бузурги шаҳри Лиман

Вазорати дифои Бритониё рӯзи 28-уми май дар хабарномаи ҳаррӯзаи худ гуфт, ки неруҳои Русия ғолибан бахши бузурги шаҳри Лиман, як маркази иртиботии роҳи оҳан бо Северодонетскро ишғол кардаанд, ки зоҳиран марҳилаи аввалия дар ҳуҷуми баъдии неруҳои Русия аст. Мақомоти Украина ҳам гуфтанд, ки Русия бахши бузурги Лиманро ишғол кардаанд, вале сарбозони украинӣ монеи пешравии онҳо ба самти ҷанубуғарб шудаанд.

Русия баъди ақибнишинӣ аз ҳадафи асосиаш шаҳри Киев, ба ишғоли тамоми минтақаи Донбас тамаркуз кард. Вазорати дифои Бритониё гуфтааст: “Агар Русия ин минтақаҳоро ишғол кунад, барои Кремл як мувафақияти сиёсии чашмгир ба ҳисоб меравад, чунки онро ба мардуми Русия ба ҳайси як тавҷеҳи ҷанг нишон медиҳад.” Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё рӯзи 27-уми май гуфт, Украина барои муқовимат ба ҳамлаҳои Русия ба мушакҳои дурбурд эҳтиёҷ дорад ва кумакҳои низомӣ ба Украина бояд идома дода шавад.

Дар ҷабҳаи дипломатӣ Карл Неҳаммер, садри аъзами Австрия бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия масъалаи табдили эҳтимолии асирони украинӣ бо сарбозони рус ва баста будани роҳҳои содироти ғалладонаи Украинаро баррасӣ кардааст. Дар гуфтугуи телефонии рӯзи 27-уми май, ки 45 дақиқа идома ёфтааст, ба қавли Неҳаммер, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Маскав омодаи баррасии табодули асирон ҳаст, вале ин масъалаи бисёр мураккаб аст.

Пештар аз ин Владимир Зеленский гуфт, ки ӯ бояд бо Владимир Путин суҳбат кунад, то истиқлолу мавҷудияти Украинаро муҳофизат намояд. Охирин музокироти рӯ ба рӯи намояндагони Русия ва Украина рӯзи 29-уми март сурат гирифта буд, баъдан онлайнӣ идома ёфт, вале ҳоло ҳарду тараф мегӯянд, ки қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG