Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен гуфт, "Чин назар ба Русия хатарноктар аст"


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико

Вазири корҳои хориҷии Амрико, Энтони Блинкен, рӯзи 26-уми май сиёсати ҳукумати Байденро дар мавриди Чин шарҳ дод.

Ин сиёсатест, ки бояд кишварҳои мухолифи ишғолгариҳои Русияро дар Украина дар ҷабҳаи зидди Чин муттаҳид кунад. Вашингтон Пекинро хатари ҷиддитар мешуморад.

Блинкен ҳангоми суханронӣ дар Вашингтон гуфт, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида ҷанги Русияро дар Украина таҳдиди бевосита ба оромии байнулмилалӣ медонад, давлати Байден бовар дорад, Чин хатари бузургтар аз ин аст.

"Ҳатто вақте ҷанг идома дорад, мо ба мушкилоти ҷиддии дарозмуддати назми байнулмилалӣ таваҷҷӯҳ хоҳем кард. Ин ҳамон мушкилотест, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба миён овардааст," -- гуфт Блинкен.

Вай афзуд, Чин аз низоми байнулмилалии мавҷуда дар асоси қоидаҳо ва ниҳодҳое, ки муносибатҳоро пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ танзим мекунанд, фоидаи зиёд гирифт, аммо ҳоло талош дорад, онро вайрон кунад.

XS
SM
MD
LG