Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе нишасти ҷаҳонии вобаста ба масъалаи об баргузор мешавад


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Душанбе-пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи июн мизбони як нишасти байналмилалии вобаста ба об аст. Қарор аст дар ин нишаст мақомдорони баландпояи Созмони Милали Муттащид ва кишварҳои ҷаҳон ширкат кунанд.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми май зимни як нишаст бо ҳузури намояндагони дипломатии муқими Душанбе, ҷузъиёти нишасти мазкурро шарҳ доданд.

Ба иттилои масъулини Вазорат, "Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” аз 6 то 9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад".

Султон Раҳимзода, роҳбари котиботи ин конфронс гуфт, то ин дам беш аз 2 ҳазор нафар аз кишвар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкати худро дар нишасти Душанбе тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Раҳимзода, ду муовини Дабири кулли Созмони Миллал ва нахуствазирони чанд кишвар барои ширкат дар конфронси бахшида ба масъалаи об ба Душанбе меоянд.

Қарор аст, нишасти мазкурро президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ кунад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки дар масъалаи вобаста ба об ба Созмони миллал пешниҳодҳои зиёде ироа кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони Милал чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG