Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии амният ва ҳуқуқи башар дар музокироти ҳайатҳои Амрико ва Тоҷикистон


Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Амрико. Шаҳри Душанбе, 25-уми майи 2022
Мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Амрико. Шаҳри Душанбе, 25-уми майи 2022

Рӯзи 25-уми май дар шаҳри Душанбе гуфтугӯи ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Амрико баргузор шуд.

Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки ҳайати ин кишвар бо раҳбарии ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доланд Лу бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот ҳайати Тоҷикистонро Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, раҳбарӣ намуд.

Ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе, ҷонибҳо пиромуни масоили амниятӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқи башар суҳбат карданд. Тафсилоти бештари ин гуфтугӯ то ба ҳол дар даст нест. Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар робита ба музокироти ҳайатҳо хабаре нашр накардааст.

Ба ҳайати амрикоӣ иҷрокунандаи вазифаи ёвари Котиби Бюрои демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Маурин Ҳаггард; мудири аршади Шӯрои амнияти миллӣ Эрик Грин; муовини ёвари Вазорати мудофиа Ребекка Зиммерман; муовини ёвари раёсати Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) оид ба Осиё Анҷали Каур ва муовини сардори раёсати Корпоратсияи молияи байналмилалии рушди ИМА Наз Ал-Хатиб шомил мебошанд.

Ҳайати амрикоӣ дар доираи сафари минтақаии худ, ки 23-юми май оғоз шудааст, ба Узбекистону Қазоқистон ҳам хоҳанд рафт. Онҳо аввал дар Қирғизистон буданд. Сафари онҳо дар Осиёи Марказӣ 27-уми май ба поён мерасад.

Дар назар аст, ин ҳайат ба иловаи мулоқоти расмӣ, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам дидор намоянд.

XS
SM
MD
LG